Борону раъду барқ, аммо гарм: пешгӯии дақиқи обуҳаво дар Тоҷикистон барои имрӯз

Дар аксар манотиқҳои Тоҷикистон имрӯз боридани борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад. Вале дамои ҳаво ҳамоно гарм хоҳад буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз ҳавои кишварро тағйирёбанда пешгӯӣ намуда боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст, хабар медиҳад агентии Ховар.

Борони сел ва то 44 дараҷа гармӣ: ҳушдори Ожонси ҳавошиносӣ аз номусоидии ҳаво

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Танҳо рӯзона дар ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд.Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 11+16 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  қисман абрнок шуда,  эҳтимоли бориши нисбатан суст пешбинӣ шудааст. Дар нимаи дуюми рӯз дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд.Ҳаво  дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14  ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Раъду барқ ва борон: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабр ва   дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 17+22 ва рӯзона 28+33  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр  ва тағйирёбанда мешавад. Танҳо нимаи дуюми рӯз дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 18+23 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 27+32 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, бориши нисбатан сути марҳилавӣ пешгӯӣ мешавад. Дар охири рӯз борони суст борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона 18+20 ва  рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.