10 марду 1 зан: пулис аксу навори 11 ронандаи қонуншикан дар роҳи "Корвон" -ро нашр кард

Ёздаҳ ронандае, ки аз ҷониби пулиси роҳ огоҳонида шуданд, дар роҳи бозори "Корвон" танбашавии сунъии нақлиётро ба вуҷуд меоварданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik.  Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе аз рафтори баъзе ронандаҳо дар роҳҳои пойтахт изҳори нигаронӣ мекунанд.

Ба иттилои котиботи раёсат, гарчанде дар як қисмати роҳи бозори "Корвон" корҳои таъмиру азнавсозӣ ҷараён дошта бошад ҳам, вале баъзе аз ронандагон ба маҳдуд будани роҳ нигоҳ накарда, бар хилофи талаботҳои ҳаракат дар роҳ амал намуда ба таври сунъӣ тамбашавии ҳаракати роҳро ба вуҷуд меоранд.

То 116 сомонӣ ҷарима: ҳушдори мақомот ба намозгузорон дар рӯзҳои ҷумъа

Ин қоидавайронкуниҳои ронандагон аз ҷониби шаҳрвандон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ низ мавриди вокуниш қарор гирифта, аз мақомоти милитсия дархост намуданд то нисбати ин ронандагони қонуншикан чораҳои таъсирррасони қонунӣ андешида шавад.

“Қатии любойта, любой хел гап мезанум”: ҷазои ронанда барои зӯргӯӣ-акс

Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати як қатор ронандагоне, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намудаанд, тибқи талаботи моддаҳои 324 ва 236 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати дар минбаъда ба чунин қоидавайронкунӣ роҳ надодан ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.

Дар миёни ронандагони қонуншикан, 10 марду як зан қарор гирифтанд.