Лаҳистон ва Украина бар зидди сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” муттаҳид шуданд

Лаҳистон ва Украина бар зидди сохтмони лӯлаи гази “Маҷрои шимолӣ-2” муттаҳид шуданд. Ахиран дар бораи иқдомҳои муштарак вазирони хориҷии ҳарду кишвар эълон карданд
Sputnik

Вазири хориҷаи Украина Дмитрий Кулеба ва вазири хориҷаи Лаҳистон Ятсек Чапутович таъкид доштанд, ки лоиҳаи Русия, сохтмони лӯлаи гази "Маҷрои шимолӣ - 2" ба амнияти энергетии Аврупо хатар дорад ва онщо тасми гирифтанд барои сохта нашудани щамин масири газ дар оянда иқдом намоянд.

“Маҷрои шимолӣ-2”: талоши Трамп дар қатъи сохтумони лула ба нокомӣ анҷомид
Аммо маълум нест, ки ду кишвар кадом иқдомеро пеш мегиранд.

Лаҳистон ва Украина дар қатори кишварҳои Балтик дер боз зидди сохтмони  "Маҷрои шимолӣ - 2" мебошанд. Мавқеи ин кишварҳо бо Вашингтон яксон аст. Амрико бар он аст, ки сохтмони ин тарҳ ба кишвар хатар дорад.

Дар асл гап сари фурӯши гази гарони Амрико аст, ки бо бунёд ёфтани маҷрои шимолӣ кишвар аз ин шонс маҳрум мешавад.

Ҳатто Амрико зидди сохтмони лӯла таҳрим эълон кардааст. 

Аммо чизе наметавонад пеши роҳи сохтмони маҷро шавад. Ба ҳамин далел равобити Амрико бо Олмон ҳам бад мешавад. Олмон фишори Амрикоро дахолат мепиндорад. Аммо аврупоиҳ фоидаеро ки дар натиҷаи фаъолияти “Маҷрои шимолӣ-2” ба даст хоҳанд овард, хуб дарк мекунанд. Ин масир Аврупоро пурра бо газ таъмин хоҳад кард, ки нисбат ба гази Амрико арзонтар ҳам ҳаст.