Имсол дар робита бо паҳншавии коронавирус дар Арабистони Саудӣ ҳаҷ бо тартиби вижа мегузарад. Рафти нахустин иди Қурбонеро, ки дар Макка одам кам аст, аз гузориши аксии Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.
Дар назар аст, ки аз Макка ва Мадинаи муқаддас наздики 10 ҳазор кас боздид мекунанд. Аз ҷумла дар ҳаҷ шаҳрвандони подшоҳӣ ва шаҳрвандони хориҷие, ки то ҷорӣ шудани маҳудудиятҳои коронавирусӣ вориди кишвар шуда буданд, иштирок карда метавонанд.
Имсол ба ҳоҷиён тавсия дода мешавад, ки қоидаҳои санитарву эпидемиологиро қатъиян риоя кунанд.
Аз ҳама пеш ба ҳаҷ нафароне роҳ дода мешаванд, ки аз ташхиси коронавирус гузаштаву натиҷаҳои манфӣ доранд. Афзун бар ин, ҳангоми ҳаҷ бояд 1,5 метр дуртар аз ҳамдигар истод ва ниқоби тиббӣ пӯшид.
Ҳалокати се зоир дар Ҳаҷ, онҳоро дар Макка ба хок супориданд
Дар ҳамин ҳол вуруди ашхоси аз 65-сола боло ва нафароне, ки бемории мармуз доранд, манъ аст.
Пас аз баргаштан аз Ҳаҷ ҳоҷиён бояд ба карантини 14-рӯза нишинанд.
Афзун бар ин, имсол расидан ба санги Каъба мамнӯъ аст.