Аз “Агроинвестбонк” то “Амонатбонк”: ошкоршавии ҷиноятҳо дар бонкҳои Суғд

 Масъулони Идораи мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд дар бораи содиршавии ҷиноятҳои бонкӣ иттилоъ доданд
Sputnik

 ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Аваззода Шараф, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд гуфт, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ, 31 ҷиноят нисбати кормандони бонкҳо ошкор шудааст.

“Ҷиноятҳо нисбати ҳамаи кормандони бонкҳо ба қайд гирифта шудаанд. Масъалан дар “Амонатбонк” 1 ҳолат, дар “ҶСК “Агроинвестбонк” 14 ҳолат ва дар “Тоҷиксодиротбонк” ҳам ба қайд гирифта шудааст”, гуфт Аваззода.
Амонатбонк гуфт бо чанд корхонаи ватанӣ ва бонкҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад

Сардори Раёсати мубориза бо коррупсия афзуд, дар пайи таҳқиқи ҷиноятҳои содиршуда дар бонкҳои Суғд 9, 2 милион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардидааст. Аваззода Шараф гуфт, дар бештар маврид кормандони бонкҳо дар ғайриқонунӣ додани кредит ва тасарруфи маблағҳои ба таври кредитдодашуда даст задаанд.

Ӯ аз парвандаи Фозилов Ҷумъабой Якубович, сардори филиали ҶСК “Агроинвестбонк” дар ноҳияи Шаҳристон ном бурд, ки бо истифода аз фурсати роҳбариаш ба хешовандони худ ғайриқонунӣ аз бонк кредит додааст.

Фозилов Ҷумъабой Якубович, бо фармони Раёсати ҶСК “Агроинвестбонк” аз соли 2013 то давраи 20-уми майи соли 2015 иҷрокунандаи вазифаи сардори филиали ин бонк дар ноҳияи Шаҳристон адои хизмат намудаааст.

"Номбурда бо дигар кормандони бонки мазкур бо маслиҳати пешакӣ аз фурсати муносиб истифода намуда, моҳи майи соли 2013 то марти соли 2014 дар асоси шартномаҳои қарзии қалбакӣ бо мақсади руйпуш намудани амалҳояш ба номи шаҳрванд Норбутаев маблағи 4000 доллари ИМА ро ғайриқонунӣ кредит додааст. Ҳамчунин Фозилов ба номи ҳамсараш ва дигар хешовандонаш ғайриқонунӣ аз бонк кредит гирифтааст. Оиди ин ҳолат бо моддаи 265 парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст”, гуфт Аваззода.

Раёсати Агентии мубориза бо фасод дар вилояти Суғд мегуяд, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 339 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии дорои харакетери коррупсионидошта сабт шудааст.

Боздошти директори ширкати сохтмонии “Муҳаммадҷон 2011” барои қаллобӣ ва сохтакорӣ