Вазорати молия: маош, нафақа ва стипендия аз 1 сентябр зиёд мешавад

Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, сар аз якуми сентябо дар кишвар маош, нафақа ва стипендия боло хоҳад рафт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи кишвар дар ин бора зимни нишасти хабарияш гуфт, ин иқдом новобаста аз мушкилиҳое, ки пандемия ба иқтисоди кишвар овард, амалӣ хоҳад шуд.

Нафақа аз 1 сентябр 15 дар сад меафзояд

Вазир гуфт, маблағи пешбинишуда барои баланд бардоштани  маош, нафақа ва стипендия дар нақшаи солонаи буҷа пешбинӣ шудааст.

Номбурда гуфт, афзоиши маош, нафақа ва стипендия аз рӯи гуфтаи президент, ки қаблан ҳангоми муроҷиати худ ба парлумон эълон карда буд, сурат мегирад.

Бар асоси дастури Эмомалӣ Раҳмон  сар аз 1 сентябр музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10%, дигар муассисаҳои буҷавӣ, инчунин нафақа ва стипендия 15% зиёд карда мешавад.

Инчунин интизор меравад, ки нафақаи маъюбони то 18-сола, инчунин гурӯҳҳои бекорон ва эҳтиёҷ ба нигоҳубин доштан бинобар маъюбб  50% афзоиш ёбад.

Дар вилояти Суғд андозаи миёнаи нафақа коҳиш ёфтааст

Дар ҳоли ҳозир андозаи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ 303 сомониро ташкил медиҳад.