ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти се сокини ноҳияи Панҷ хабар медиҳад, ки дар Ховалинг ба ғоратгарӣ даст задаанд.
Ба иттилои котиботи ВУД Тоҷикистон, ҳар се сокини Панҷро дар асоси шикояти марди 37 - сола, сокини деҳаи Шугнов боздошт карданд.
Оташ мезананду ғорат мекунанд: мавҷи эътирозҳо дар Амрико - видео
Бар тибқи аризаи шикоятии номбурда, санаи 27-уми июли соли 2020, тахминан соатҳои 03 ба 04:00 шахсони номаълум бо роҳи ошкоро ба хонаи истиқоматиаш даромада, нисбати ҳамсараш, зани 36-солаи ӯ зуроварӣ нишон доданд.
"Барои беҳуш намудани соҳибхоназан, маводи мадҳушкунанда (амиаку розчин), ки бо худ доштаанд истифода бурда, ҳангоми доду фиғон бардоштани ҳамсараш, шахсони номаълум 1-адад телефонӣ мобилии тамғаи "Самсунг А-з"-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд", - таъкид мешавад дар хабар.
Манбаъ меафзояд, кормандони милитсия мардони 27, 28 ва 26-солаи сокинони ноҳияи Панҷ, ки якеашон пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Гуфта мешавад, далели шайъӣ 1-адад маводи мадҳушкунанда (амиаку розчин) гирифта шуда, феълан тафтишот дар ин самт идома дорад.