Расман, санаи баргузории муҳорибаи Ҳабиб ва Гэтҷи дақиқ шуд

Муҳорибаи қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмагомедов ва қаҳрамони муваққатӣ Джастин Гаҷӣ расман тасдиқ шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт санаи дақиқи рақобати Ҳабиб Нурмагомедов ва Ҷастин Гэтҷиро эълом кард.

Президенти UFC  гуфтааст муҳорибаи размикори доғистонӣ ва амрикоӣ 24 октябр доир мегардад.

Гуфта мешавад,  мубориза 24 октябр дар доираи UFC 254 баргузор мешавад ва маҳалли баргузории рақобат Лас Вегас ё Абу Даби хоҳад буд.

Дидори  Ҳаби ва Гэтҷӣ рӯзи 19 сентябр дар UFC 253 таъин шуда буд, аммо ба сабаби вафоти падари паҳлавон ва мураббии ӯ Абдулманап Нурмуҳаммадов мавқуф гузошта шуд.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар замони фаъолияти варзишияш 28 бор аз рӯи муҳорибаҳои омехта ба октагон баромадаву боре ҳам мағлуб нашудааст.

Тони Фергюсон аз Ҷастин Гэтжи шикаст хӯрду аз рақобат бо Ҳабиб маҳрум шуд

Нунздаҳ рақобати Ҳабиб таҳти сарпарастии UFC баргузор шудааст. Рақобати охирини ӯ бо Дастин Поре буд, ки бо пирӯзӣ ба анҷом расонид ва мебоист бо  Тонӣ Фергюсон дидор кунад, аммо бо сабаби пандемия ва басташавии марзҳо ин доир нагашт. 

Бояд гуфт, ки Гейҷӣ ҳоло қаҳрамони муваққатии UFC дар вазни сабук буда рақиби варзишкори русиягӣ мебошад.

Унвони қаҳрамонии худро ӯ дар рақобат бо Тонӣ Фергюсон ба даст овард.