Рақси тоҷиконаи "Наврӯз" дар Олимпиадаи - 80: қадбаланду мӯйдарозҳо интихоб шуданд

Дар маросимим ифтитоҳи Олимпиадаи солҳои 80 ҷавонони тоҷик рақси "Навруз"- ро иҷро намуданд. Яке аз иштирокчиён дар мавриди рақси намояндагони Тоҷикистон ба Sputnik қисса кард
Sputnik

Майсара Бобоҷонова яке аз иштирокчиёни рақси "Наврӯз" дар ифтитоҳи Олимпиадаи - 80 буд. Ӯ он замон донишҷӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон буд ва орзуи пизишки кӯдакона шуданро дошт.

Майсара ба Sputnik Тоҷикистон бобати ҷалб шудани ӯ ба ин марака ва тамринҳои қалб аз баромади тимашро нақл кард.

Гузаронидани рақси тоҷикӣ дар Олимпиада як масъалаи муҳими давлатӣ мебошад

Рақси намояндагони Тоҷикистон дар майдони "Лужники" ҳамагӣ ду дақиқа давом кард, аммо омодагӣ ба ин рақс рӯзу ҳафтаҳо тӯл кашид. Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ на рақосони ҳирфаӣ, балки духтарони оддӣ, донишҷӯёни донишгоҳҳои гуногун ташкил медоданд. Ва рақсе, ки дар майдони "Лужники" ба намоиш гузошта шуд, ҳақиқатан ҳам мардумӣ буд.

Тирамоҳи соли 1979 баллетмейстер Рамзия Баккал аз пайи пайдо кардани истеъдодҳои ҷавон шуд. Чун замон, ӯ ҳамчун ҳунарманд ва мураббӣ дар соҳаи рақс ном бароварда буд ва аз ҷониби роҳбарияти он замон супориш гирифт, ки дар Олимпиадаи 80 намунае аз рақси тоҷикона пешниҳоди мардум мекунад.

Рақси тоҷиконаи "Наврӯз" дар Олимпиадаи - 80: қадбаланду мӯйдарозҳо интихоб шуданд

Муррабӣ барои пайдо кардани раққосони ҷавон дар донишгоҳҳо озмунҳо баргузор мекард ва бартариро аслан ба духтарони қадбаланд ва муйдароз медод.

"Ба озмун хоҳишмандони зиёд омаданд. Мураббӣ тарзи рақс кардану табассум намуданро талаб мекард. Ҳар кас маҳорати худро нишон медод. Озмун бисёр ҷиддӣ ва боинсофона буд", - ба ёд меорад иштирокчӣ.

Дорандаҳои медалҳои тиллоии Олимпиадаи солҳои 80 аз Тоҷикистони Шӯравӣ ва ғайр - акс

Мураббӣ танҳо нафарони боистеъдодро интихоб мекард. Новобаста аз ному насабу макони ҷуғрофӣ. Дар умум беш аз 200 нафар дар озмун иштирок мекарданд.

"Хулас, аз ҳардонишгоҳ 7- 8 нафарӣ донишҷӯёнро интихоб мекарданд. Дар Донишгоҳи тиббӣ 6 духтарро интихоб карданд, ки ман низ миёни онҳо будам ва аз мобайни онҳо аз ҳама бузургтар. Аллакай дар бахши 5 - ум таҳсилмекардам", - нақл кард Майсара.

Холисона, идона ва рекордӣ: Олимпиадаи солҳои 80 - ум дар Маскав - нодиртарин аксҳо

Муаррифӣ кардани Тоҷикистон дар як чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ аз як ҷониб агар хурсандиовар ва боиси фараҳмандӣ буд, аз ҷониби дигар дар Тоҷикистон аслан рақси духтарро дар байни омма чандон написандиданд. Ва падари Майсара низ нахуст муқобил буд, аммо чун ин чорабинӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ буд ва супориши бевоситаи ҳукумат буд, аз ин рӯ хонаводаи ӯ ҷавоби мусбат доданд.

 

Рақси тоҷиконаи "Наврӯз" дар Олимпиадаи - 80: қадбаланду мӯйдарозҳо интихоб шуданд

 

"Роҳбарияти донишгоҳ супориш гирифтаанд, ки барои иштироки мо дар ин чорабиниҳо ва омодагӣ дидан, тамоми шароит муҳайё созанд. Декани сахтгири мо бевосита ҳамарӯза ҳузури моро дар омодагӣ ба олимпиада тафтишу назорат мекар", - изҳор дошт Бобоҷонова.

Омодагии духтарони навқалам ба рақс ҳудуди ним сол тӯл кашид. Ҳафтае ду маротиба духтарон дар толори варзишии Донишгоҳи политехникӣ ҷамъ шуда, бо ташаббуси Рамзия ба тамрин машғул мешуданд. Ӯ сидқанд ҳамаи духтаронро дастгирӣ мекард ва ҳунари рақосагиро бо тамоми нозукиҳояш ба онҳоёд медод.

Олимпидаро то ҳол дар хоб мебинад: таассуроти милитсионери тоҷик аз Маскав дар солҳои 80

Майсара мегӯяд, мураббӣ бисёр серталаб буд, ва кӯшиш мекард, санъати ҷолои тоҷиконаро дар замири мо ҷой диҳад, то мо тавонем дар чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ фарҳанги Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муарифӣ кунем.

Мураббӣ тасмим гирифт, ки дар Олимпиада рақси тоҷикона бо либосҳои рангорангу пурҷилои тоҷикӣ намоиш дода мешавад.

Рақси тоҷиконаи "Наврӯз" дар Олимпиадаи - 80: қадбаланду мӯйдарозҳо интихоб шуданд

"Либосҳои мо ҳама пурҷило буданд, аммо ягон аъзои бадани мо намоён набуд. Мо либоси арӯсони тоҷикро муаррифӣ менамудем. Бо ин либос нафосату тозагӣ ва шарму ҳаёи тоҷикдухтаронро ифода мекардем. Ин пироҳан бароям беҳад писан буд, аммо мутаассифона онро баргардондам. Рақси мо ҳам бисёр олиҷаноб буд".

Ягонагӣ дар рақс ва тасвири зинда аз ҷониби тамошобинон

Дар охири моҳи майи соли 1980, ансамбли рақси аз Душанбе ба Маскав омад. Раққосон, омӯзгорон ва ҳама касоне, ки дар маросими кушоиши Олимпиада омодагӣ мебинанд, дар хобгоҳи Донишкадаи авиатсионӣ ҷойгир карда шуданд. Ҷавонон аз ҳамаи 15 ҷумҳурии Шӯравӣ дар як ҷо зиндагӣ мекарданд. Ҳар як гурӯҳ рақсҳои миллии худро такрор карданд.

Номбардорони Тоҷикистон дар Олимпиадаи соли 1980

Ним моҳ дар ҳудуди донишгоҳ тамрин мекарданд. Он сол боду ҳавои Маскав ҳам бисёр мусоид буд ва мо бо куртаҳои атлас дар ҳавои кушод мерақсидем.

Дар вақтҳои холигӣ, ба меҳмонон шаҳрро нишон медоданд. маконҳои таърихӣ ва диданибоб диққати онҳоро ҷалб мекард.

Номбардорони Тоҷикистон дар Олимпиадаи соли 1980

Дар ниҳоят, санаи муҳими таърихӣ расид: 19 июли соли 1980. Ҳазорон тамошобин аз тамоми ҷаҳон дар варзишгоҳи Лужники ҷамъ омадаанд. Чорабинии асосии варзишии Иттиҳоди Шӯравиро мардуми бисёрмиллиони он пешниҳод карданд. Ин маъруфияти маросими кушодашавӣ буд: ҳар як республика рақсеро нишон дод, ки фарҳанги фарқкунандаеро инъикос мекунад. Ҳар як ансамбл хуруҷи худро дорад, ҳама чиз ба нақша гирифта шудааст, дақиқа ба дақиқа.

"Иштирокчиёне буданд, ки дар толор нишаста парчамҳои ҳар як ҷумҳуриро тасвир мекарданд. Масалан, вақте, ки дастаи Тоҷикистон ба майдон баромад дар толор рангҳои ҳамҷояро боло намуда парчами Тоҷикистон ҳувайдо мешуд". 

Дар майдон бошад аснои баромад даҳҳо нафар иштирок намуда, зери мусиқии тоҷикӣ дасту по мекӯфтанду рақс мекарданд.

"Тамоми ҷаҳон тамошо кард ва ин ду дақиқа соатҳои беҳтарини Тоҷикистон буданд. Вақте ки ҳамаи 15 ансамбл рақси якхеларо сар карданд, мо ин рақсро дар Маскав якҷоя тамрин мекардем. Дар ин рақс мо - намояндагони ҷумҳуриҳои мухталиф, ҳамчун рамзи тамоми кишвар якҷоя шудем ", - мегӯяд зан.

Пас аз анҷоми баромад, иштирокчиёнро савори автобус карда таҳти назорати мақомоти қудратӣ ба хобгоҳ оварда шуданд. Муттассифона имкони то охир тамошо кардани чорабиниро надоштем.

Рақси тоҷиконаи "Наврӯз" дар Олимпиадаи - 80: қадбаланду мӯйдарозҳо интихоб шуданд

Майсара пас аз анҷоми олимпиада бозичаҳои гуногун, ки ифодагарӣ ин чорабинӣ буданд, харидорӣ намуд. Намояндагони Тоҷикистон баъди Олимпиада муддати ду рӯзи дигар обу ҳавои Маскавро нафас мекашиданд ва сипас ба ватан гусел шуданд.

Рақс бо омезиши касб ва дигарбора баргаштан ба майдон

Мусобиқаи олимпӣ барои Бобоҷонова садди роҳи нагирифтани гувоҳномаи хатми донишгоҳаш нашуд. Ӯ бо муваффақият донишгоҳро хатм кард ва аз рӯи ихтисоси худ машғул ба кор шуд.

Аммо дилгармии ӯ ба ҳунари рақс гум нашуд ва борҳо аз номи муаасисае, ки дар он ҷо кор мекард дар чорабиниҳо иштирок ва дар саҳна рақс мекард.

"Солҳои пеш баргузор кардани чорабиниҳои ҷамъиятӣ як амри маъмулӣ буд. Нафаре дар гитор менавохту дигаре суруд мехонд ва ё саҳнаҳои театриро омода мекарданд. Ман бошад ҳунари зебо рақсиданро ёд медодам. Бо ин аъмол, мо сарборӣ ва аз кори мушкили худ каме роҳат мекардем", - ба ёд меорад ӯ.

Бо пош хӯрдани ИҶШС зиндагии Майсара комилан маҷрои дигар касб кард. Оилаи ӯ тарки Тоҷикистон кард ва муддате дар Тошканд зиндагӣ мекарданд. Ҳамсараш кор ёфт ва худи ӯ низ дар яке аз полеклиникаҳои Тошканд ба кор даромад. Самараи хуби меҳнати ӯро профеесори ӯзбек дида ӯро ба кор даъват кард ва зимнан кори илмӣ гирифту бомуваффақият онро ба сомон расонд.

Сипас Бобоҷонов ҳамроҳи оилаи худ ба шаҳри Маскав кӯчиданд.

Рақси тоҷиконаи "Наврӯз" дар Олимпиадаи - 80: қадбаланду мӯйдарозҳо интихоб шуданд
"Дар Ӯзбекистон гирифтани шаҳрвандӣ барои мо муяссар нашуд ва тамоми кӯшишу ғайрати мо барабас рафт. Сипас бо тавсияи наздикон бо шаҳрванди Русияро дарёфтем ва бо гузашти андак вақт комилан ба шаҳри Маскав кӯч бастем. Зиндагӣ аввал осон набуд, иҷора менишастем. Хушбахтона пизиш дар ҳама ҷо нон ва мавқеяшро пайдо мекунад. Ҳоло мо дар як хонаи калон дар Подмосковие зиндагӣ мекунем. Кӯдаконам калон ва соҳиби чанд набера ҳам шудам", - афзуд Майсара Бобоҷонова.

Чанд сол пеш, Майсара майдони Лужникиро давр зад ва лаҳзаҳои рӯи майдон омадани худро ба ёд овард.

"Ба ёд овардам, ки аз кадом тарафи майдон баромадам, ва чӣ гуна зери мусиқии ҷаззоб бо сари баланд рақс мекардему аз дунёи орому осуда меболидем".

Ҳоло Майсара дар доираи хешу пайвандон, дар маҳфилҳои ҷашнӣ зебову олӣ мерақсад.

"Ҳар боре, ки аз ман пурсон мешаванд, ки ингуна зебо ва бомаром ҳаракат кардан дар рақсро аз куҷо ёд гирифтӣ? - Зуд ҷавоб медиҳам, ки дар Олимпиадаи солҳои 80 иштирок карда, хуб рақсидам".