Пулиси Душанбе марди дағалгуфторро 460 сомонӣ ҷарима кард: шарафи ҷавонзанро паст зад

Сокини 30 - солаи ноҳияи Шоҳмансур барои дағалгуфторӣ нисбати зани роҳгузар ба пардохти ҷарима муваззаф карда шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе, ҷавони 30 - соларо боздошт намуд, ки дар маҳаллаи 91 - уми ноҳияи Сино нисбати ҷавонзани роҳгузар рафтори бадахлоқона намудааст.

Нимашаб маст аз тарабхона баромаданд: ҳабс ва ҷаримаи 4 духтар барои дашному занозанӣ
Ҷавонро пас аз он боздошт намуданд, ки санаи 12 - уми июл ҷавонзане тавассути сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ бо ирсоли 2-адад расми автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, аломати қайди давлатиаш 0509 ВТ01, аз мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дархост намуд, ки нисбати ҷавонписаре, ки дар автомашинаи мазкур нишаста, нисбати ӯ суханони қабеҳ зада, шаъну шарафашро паст задааст, чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Муноқишаи ду ҷавони маст назди тарабхонаи "Клеопатра": пулис онҳоро дастгир ва ҷарима кард

Гуфта мешавад, кормандони пулис худи ҳамон рӯз соҳиби худравро боздошт ва ба идораи пулис оварданд. Аммо муайян гардид, ки ҷавони бадрафтор на соҳиби мошин, балки рафиқ ва мусофири ӯ шаҳрванд Оев Қосими 30 - сола, сокини ноҳияи Шохмансур мебошад.

Дар натиҷа, санаи 28 июл баъди ба мақомоти милитсия дастрас намудан, шаҳрванд Оев Қосим иброз дошт, ки дар ҳақиқат санаи мазкур ҳангоми дар суроғаи маҳалли 91-уми шаҳри ноҳияи Сино қарор доштанаш нисбати ҷавонзани муроҷиаткунанда дағалрафторӣ намудааст.

Парванда алайҳи Қаҳҳоров барои таҷлили зодрӯзаш бо кӯдакон дар майдончаи варзишӣ:видео

Ҳамин тариқ, нисбати Оев барои кирдорҳои майдаавбошона бо моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳуқми суд ӯ ба пардохт намудани 460 сомонӣ муваззаф карда шуд.