ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Дар ин бораи Садриддинхон Султонзода, сардори шӯъбаи оташнишонии вилояти Хатлон, гуфт, парванда алайҳи Насим Каримов, раҳбари бозор ва барқчии он боз шудааст .
Ба иттилои манбаъ, санҷишҳо нишон додаанд, ки сӯхтор дар бозори Шаҳритус бинобар риоя накардани қоидаҳои бехатарии сӯхтор рух додааст.
Номбурда гуфт, оташ бинобар расиши ноқилҳои барқӣ дар хати иловагии барқ барои рӯшноӣ дар бозор ва яхдонҳо ба вуқӯъ омадааст.
Манбаъ гуфт, парванда алайҳи Насим каримов ва барқчии бозор бо 192 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тотористон (Вайронкунӣ ва риоя накардани талаботи бехатарии сӯхтор) боз шудааст.
Ёдовар мешавем, оташ дар бозори Шаҳритус 24 май рух дода, 4 миллиону 420 ҳазор сомонӣ хисорот барҷой гузошт.
Гуфта мешавад, сӯхтор дар масоҳати 800 метри мураббаъ ба амал омада, дар натиҷаи 2 саройи (навес) фурӯши масулоти хоҷагии қишлоқ, 12 мағозаи хӯрока 10 нуқтаи фурӯши махсулоти хоҷагӣ зарар дид.
Бозорсӯзӣ ба нафъи кист?: раиси вилояти Хатлон аз бозсозии бозори ноҳияи Шаҳритус ошно шуд
Ноҳияи Шаҳритус дар 230-километрии ҷанубу ғарби Душанбе дар ҳамсарҳадӣ бо Ӯзбекистон ва Афғонистон қарор дорад.