Изабелла, Сензора, Имран: Кумитаи забон 217 номи нав илова ва 223 номи аҷнабиро рад кард

Номҳои Изабелла, Сензора, Имран, Бобур, Қамчинбек, Шамил, Наина, Шунқор, Чарос, Сунаввар ва ғайраҳоро комиссияи номгузорӣ барои ворид кардан ба феҳрист иҷозат надод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Кумитаи забон 223 номро бинобар мутобиқ набудан ба меъёрҳои забони тоҷикӣ аз истифода берун кард. дар ин бора Олимҷон Муҳаммадҷонзода раиси Кумитаи забон ва ислоҳот дар ҳузури хабарнигорон иттилоъ дод.

Зарипов, Латипов, Нигматов, Маджидов, Юсупов: муроҷиатномаи САҲШ барои ислоҳи хатоҳо
Ба гуфтаи ӯ, комиссияи номгузории назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли 2020 217 номи тозаэҷодро барои номгузорӣ ба фарзандон дастгирӣ намуд.

"Дар баробари ин, 223 ном бинобар ҷавобгӯ набудан ба  меъёрҳои забони тоҷикӣ, мувофиқат накардан ба фарҳангу суннатҳои номгузорӣ ва надоштани собиқаи таърихӣ рад карда шуд",  - афзуд раиси кумита.

Кумитаи забон: Дориюш, Ясмин, Анас, Темур... - номҳои мамнӯъ дар Тоҷикистон

Ҳамакнун, номҳои ба мисли Изабелла, Сензора, Имран, Бобур, Қамчинбек, Шамил, Наина, Шунқор, Чарос, Сунаввар ва чанди дигар барои номгузорӣ ба фарзандон қатъиян манъ карда шуданд.

Зимнан, номҳои Моҳпайкар, Фаррухзод, Абру, Бобуна, Гуласал, Дилошӯб, Моҳистон, Зебосанам ва Исоназар аз ҷумлаи номҳое мебошанд, ки кумита барои ворид кардани онҳо ба "Феҳристи номҳои миллӣ" тавсия дод.

Ёдовар мешавем, дар Тоҷикистон минбаъд шаҳодатномаи таваллуд бидуни истифодаи бандакҳои русии “вич”, “ов”, “ев”, “ева”, “овна” дода мешавад.

Ҳанӯз моҳи март Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо олимони кишвар изҳор дошта, бо нигаронӣ гуфт, 90 фоизи олимон номи тоҷикӣ надоранд ва ӯ тоҷикӣ набудани номро беҳурматӣ нисбат ба миллату тамаддуни мардуми тоҷик хонд.

“Олимон хафа нашавед, ман таҳлил кардам, 90 фисади олимони мо номи тоҷикӣ надоранд. Ҳоло он ки роҳбари давлат кард ин корро кард. Қонун як аст. Чаро аз тоҷикияти худ мо метарсем” ,- гуфт раисиҷумҳури кишвар.

Президент худро мисол оварда гуфт, роҳбари давлат номашро иваз кард, магар ягон чиз шудаст!

Ба гуфти раҳбари давлат, тоҷикӣ кардани ном ин  ҳам ҳисси миллӣ ҳисси вантандустиву ватанпарастии мардум ва аҳли зиёро нишон медиҳад вагарна ин беҳурматӣ нисбат ба миллату тамаддуни мардуми тоҷик аст.