Тафтиши саросарии "Агроинвестбонк": Ожонси зидди фасод пулҳои “гумшуда”-ро меҷӯяд

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз оғози тафтиши саросарии бонки бӯҳронзада “Агроинвестбонк” хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Қутбиддин Сафарзода, сардори раёсати тафтишотии ин ниҳод зимни нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, агентӣ барои тасарруфу азхудсозии маблағҳои “Агроинвестбонк” дар ҳаҷми 391 миллион сомонӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Шикваи зани 75-сола аз “Агроинвестбонк”: на 2000 долларамро медиҳанду на фоизашро

Ба иттилои манбаъ, дар доираи ин парванда, тақрибан 40 нафар мансабдорони воломақоми ин бонк (аз ҷумла кормандони собиқ) ва инчунин роҳбарони як қатор ширкатҳои Тоҷикистон бозпурсӣ мешаванд.

Номбурда гуфт, ҳангоми таҳқиқи парвандаи ҷиноии зикршуда, ният доранд, далелҳои додани қарзҳои ғайриқонунӣ, тасарруфӣ ва азхудкунии онҳоро ошкор кунанд.

Ӯ гуфт, баъзе ҷузъиёти парванда бояд ифшо карда нашаванд, "зеро дар пеш кори тӯлониву пурмашаққате доранд".

Зиёни кори якҷояи хешон дар курсиҳои роҳбарӣ: суҳбати ошкорои раиси Бонки миллӣ ва 4 мисол

Сафарзода гуфт, давлат дар ниҳоят талош мекунад, амонатҳои амонатгузоронро баргардонад.

Қаблан низ Оҷонсӣ аз боздошти нафаре хабар дода буд, ки дар ҳамдастӣ бо мақобдорони бонк дар гирифтани миллионҳо доллар қарзи ғайриқонунӣ муттаҳам мешуд.

"Агроинвестбонк" яке аз бонкҳои муфлисшудаи кишвар дар қатори "Тоҷиксодиротбонк " мебошад, ки тули панҷ сол аст, дар буҳрон задааст.

Тибқи иттилои Ҷамшед Нурмаҳмадзода,  раиси Бонки Миллии Тоҷикистон,  давоми шаш моҳи соли ҷорӣ "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" ба амонатгузорон 211 миллион сомонӣ баргардонидаанд.

Се сол боз “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” қарзи мизоҷонро намедиҳанд. Чаро?

Ёдовар мешавев, баъди як соли буҳронӣ шудани бонкҳо, соли 2016 Ҳукумати Тоҷикистон қарори  ҷудо кардани 3 миллиарду  320 миллион сомонӣ сармоя ба ин ду бонк ҶСК “Агроинвестбок” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”-ро  содир кард. Ин миқдор маблағ, ки сармоякунонӣ ба бонкҳои мушкилотдор гуфта мешуд, тавассути Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуд.

Вазорати молияи Тоҷикистон бо гузаронидани 2 миллиарду 250 милион сомонӣ ба ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, саҳми худро дар ин бонк  ба 85, 2 %  ва бо ҷудо кардани 1 миллиарду 70 милион сомонӣ ба ҶСК “Агроинвестбонк” ҳиссаи худро дар ин бонк ба 87, 3% баробар кард.

Вале бо ин вуҷуд, ки ҳоло беш аз 85 % и саҳмдорони ин ду бонк Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва то пурра тобеъи ин ниҳоди давлатӣ гузаштани ҳарду ин ду бонк як қадам боқист, қарзи муштариён аз сӯи ин бонкҳо пурра пардохт карда нашудааст. 

Дар қатори ин ду бонк ҳамзамон мушкили буҳронро "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк" низ доранд, ки то ба имрӯз амонатҳову пасандозҳои мизоҷонашонро пас надодаанд.