Хонандагони вилояти Суғд 12 медали тилло ва 3 медали нуқра гирифтанд

Хонандаи макотиби вилояти Суғд дар озмуни вижа ширкат карда, 12 медали тилло ва 3 медали нуқра гирифтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 июл – Sputnik. Дар Мактаби байналмилалии ​ Президентии шаҳри Душанбе озмуни довталабон барои дарёфти ​ аттестати аълои ​универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати ​ аълои равиявӣ бо медали ​ тилло ва нуқра ​ дар соли таҳсили ​ 2019 - 2020 баргузор гардид.​

Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд бо такя ба Раёсати маориф хабар медиҳад, дар озмуни аз муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, ноҳияҳои Ашт, Ҷаббор Расулов ва Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон ​ 21 нафар барои дарёфти медалҳои тилло ва нуқра ​ ҳуҷҷат пешниҳод намуданд.​

"Аз ин теъдод 12 нафар ба дарёфти медали тилло, 3 нафар ​ ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардиданд", - омадааст дар хабарнома. 

Ҳамчунин, 6 нафари дигар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ​ Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.