Озмоиши дастгоҳҳои нафаскашии сунъии сохти Тоҷикистон ба анҷом расид

Президенти Академияи улуми Тоҷикистон эълон кард, ки олимони тоҷик дастгоҳи нафакашии сунъиро ихтироъ карда, озмоиши онро аҷом доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи улуми Тоҷикистон ахиран дар нишасти матбуотӣ қайд кард, ки дастгоҳҳои нафаскашии сунъӣ дар асоси тарҳи электронии таҳиянамудаи олимони соҳаи физика сохта шуда, дар беморхонаи клиникии шаҳрии “Ёрии таъҷилӣ” аз озмоиш гузаштааст.

Олимон қадимтарин доруеро ёфтанд, ки метавонад коронавирусро мағлуб кунад

Вай афзуд, ба роҳ мондани истеҳсоли ин дастгоҳҳо дар қаламрави Тоҷикистон имконпазир аст.

Президенти академияи улум инчунин дар бораи дастоварди дигари олимони тоҷик қайд кард.

Вай гуфт, дар ин давра олимон ба истеҳсоли маводи гипохлорити натрий шурӯъ кардан, ки дар ҳама давлатҳои дунё ҳамчун маводи маъмули антисептикӣ барои безараргардонии вирусҳо васеъ истифода бурда мешавад.

Илова бар ин, дар шашмоҳаи аввали соли равон бо усули электролиз истеҳсоли оби нуқра низ ба роҳ монда шуд.