Русия ба Қирғизистон барои мубориза бо коронавирус кӯмаки навбатӣ расонид

Дар чорчӯбаи кӯмаки башардӯстона Русия ба Қирғизистон таҷҳизоти тиббӣ, дору ва маводи муҳофизатӣ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Русия ба Қирғизистон барои мубориза бо коронавирус кӯмаки навбатии тиббӣ дод, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон.

Қирғизистон барои поси хотири қурбониёни COVID -19 мотами миллӣ эълон кард: Тоҷикистон чӣ?

"Русия ва ҷумҳурӣ кӯмаки навбатии башардӯстона расонид, ки ба Бишкек 26 июл тавассути парвози махсуси Вазорати мудофиаи Русия дастрас карда шуд", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Дар чорчӯбаи кӯмаки башардӯстона Русия ба Қирғизистон таҷҳизоти тиббӣ, дору ва маводи муҳофизатӣ додааст.

Аз ҷумла Русия ба Қирғизистон 5 таҷҳизоти рентген, 70 монитор барои анестезиология ва терепияи интенсивӣ 31 таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ дастрас намуд. Афзун бар ин, бештар аз 49 баста эноксапарини натрий ва 550 дона  олокизумаб ирсол гардид.

Пештар низ Русия чунин як кумаки башардӯстона, аз қабили тест ва рентген фиристода буд.

70 пизишки рус дар Қазоқистон ба табобати гирифторони коронавирус машғуланд.

Мутахассисони Русия ба Қирғизистон барои мубориза бо коронавирус омаданд

Ёдрас мешавем, вазъи эпидемиологӣ дар ин ҷумҳурӣ муташанниҷ аст. То имрӯз дар ҷумҳурӣ 32 ҳазор гирифтори КОВИД-19 шудаву 1,2 ҳазор кас ҳалок шудаанд.
Вазъият дар Бишкек ва Ӯш нисбат ба дигар минтақаҳо мушкилтар аст.