ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Кормандони милитсияи марди 39 - сола, сокини шаҳри Ваҳдатро дастгир намуданд, ки дар содир намудани кирдори қаллобӣ муттаҳам дониста мешавад.
Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, номбурда санаи 4 - уми ноябри соли сипаришуда, автомашинаи "Хундай - Саната" - ро ба ҳамдеҳаи худ барои харид кардан пешниҳод намуд.
Раис аз дасти коргар фиреб хурд: боздошти корманди ширкати “Афзалият-Групп” барои қаллобӣ
Манбаъ меафзояд, ҳамдеҳаи 46 - солаи ӯ бар ивази мошин 105 ҳазор сомонӣ ба мошинфурӯш додааст.
Соҳиби мошин ваъда дод, ки дар кӯтоҳтарин муддат ҳуҷҷатҳои гумрукии автомашинаро дуруст карда медиҳад, аммо дар ин асно ӯ худравашро ба шахси дигар фурӯхтааст. То ин муддат маблағи аз ҳамдеҳаи худ гирифтаро бозпас надодааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса ҳоло тафтишот идома дорад.