Сарвазири Русия Михаил Мишустин аз боз шудани равобити ҳавоии Русия бо кишварҳои хориҷ хабар дод.
Аммо Мишустин таъкид кард, ки алъон парвозҳо танҳо самти се кишвар амалӣ мегарданд. Ҳавопаймоҳои Русия нахуст ба Туркия, Британияи Кабир ва Танзания парвоз мекунанд.
Туркия омодаи аз сар гирифтани парвозҳо самти Душанбе аст: Тоҷикистон ҳоло хомӯш
Ба изҳори ӯ, ифтитоҳи хати парвоз бо 30 кишвари дигар дар ҳоли баррасӣ аст.
Гуфта мешавад, парвозҳо аз фурудгоҳҳои шаҳри Маскав, Санкт - Петербург ва Ростов лаби Дон сурат мегирад.
Зикр мегардад, ки барои мусофирон вобаста ба кишвари воридшуда чораҳои муайян андешида мешавад.
Ба фарзи мисол, мусофироне, ки вориди Лондон мешаванд, ҳатман ба мӯҳлати 14 рӯз ба қарантин фаро гирифта мешаванд.