Матвиенко ҳамтои тоҷикашро бо рӯзи мавлудаш шодбош гуфт

Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ба раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода барқияи шодбошӣ ирсол кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ҳамтои тоҷикаш, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзодаро бо рӯзи зодрӯзаш шодбош гуфт.

Паёми Матвиенко ба Убайдуллоев ва суҳбат аз ҳамкориҳои оянда
Дар ин бора дафтари матбуоти Шӯрои Федератсияи Русия гузориш медиҳад.

Матвиенко таъкид кард, ки Зокирзода сиёсатмадори пуртаҷриба аст, ки доим кӯшиши рушди институти демократӣ дар Тоҷикистон ва мувозеи мутаодил дар арсаи байналмилалӣ мекунад.

"Шӯрои Федератсияи Русия бо қаноатмандӣ  муносибатҳои шарикии Тоҷикистону Русияро зикр мекунад, ки асосаш боварӣ ва эҳтироми ҳамдигар аст", - таъкид мешавад дар мактуби ӯ.

Қадрдонии Матвиенко аз кӯдаки 10-солаи тоҷик, ки дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Раиси шӯро афзуд, ки Русия ҷонибдори рушди минбаъдаи муносибатҳои байнипарлумонии ду ҷониб оид ба масоили байналмилаливу актуалӣ аст, ки мувофиқи манофеи ҳарду кишвар мебошад.