Фахр мекунам: афғондухтари 17 - сола гуфт ба қатли қотилони волидонаш идома медиҳад -видео

Афғондухтари ноболиғ, ки ду ҷангии Толибонро кушт ва чанди дигарро захмӣ намуд, мегӯяд аз ин кори худ ифтихор мекунад
Sputnik

Қамар Гул, афғондухтари ноболиғ ду тан аз қотилони волидонашро кушт ва чанд нафари дигарро захмӣ намуд.

Интиқомгирии афғондухтари ноболиғ аз Толибон: барои қатли падару модараш ду ҷангиро кушт

Ӯ пас аз ин ҳодиса дар ҳузури хабарнигорон ва мақомдорон гуфт, ки аз ин кори худ ифтихорманд аст. Зеро интиқомашро аз қотилони падар ва модари худ ситонд.

Зимнан, ӯ таъкид кард, ба ҳар сурате, ки набошад ба қатли қотилони боқимондаи волидони худ идома медиҳад.

Марз амн нест: дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон чӣ мегузарад?

Ёдовар мешавем, ин ҳодиса дар музофоти Ғури Афғонистон пас аз он рух дод, ки ҷангиёни Ҷунбиши радикалии Толибон ба хонаи Қамар Гул ворид шуда, падарашро бо худ бурданӣ шуданд, ки дар натиҷа ҳамсари ӯ муқобилият нишон дод ва силоҳбадастон ҳар дуи онҳоро ҳадафи тир қарор доранд.

Гуфта мешавад, дар ин асно духтари ноболиғ милтиқи АК - 40 - ро гирифта, ду толибро кушт ва чанд ҳамраҳи онҳоро маҷрӯҳ кард.

Феълан Қамар Гул бо бародараш дар макони амнтар қарор доранд, аммо Толибон қасди куштани ӯро низ доранд.