Саргузаштҳо аз ҳаёт: Sputnik лоиҳаи "Москва-80: Ретро-tube"-ро рӯнамоӣ кард

Дар шароити худинзовоии иҷборӣ бо далели пандемияи COVID-19 тарҳи махсуси оҷонсӣ лағви чорабинӣ бахшида ба 40-солагии Бозиҳои олимпиро, ки нақша доштнд бо супориши президент дар Маскав баргузор кунанд, ба андозаи кофӣ ҷуброн кард
Sputnik

Чунин баҳогузориро узви ифтихории Кумитаи байналмилалии олимпӣ, узви Кумитаи баргузоркунандаи Олимпиадаи Маскав Виталий Смирнов ҳангоми баромадаш дар конфронси бахшида ба оғози тарҳи "Москва-80: Ретро-tube" изҳор дошт.

20 июл, ҳамон рӯзе, ки 40 сол пеш дар СССР қисми варзишии Олимпиада-80 оғоз шуда буд, оҷонсии иттилоотӣ ва ридиои Sputnik аз оғози тарҳи вижаи "Москва-80: Ретро-tube" хабар дод.

Саргузаштҳо аз ҳаёт: Sputnik лоиҳаи "Москва-80: Ретро-tube"-ро рӯнамоӣ кард

Махсус бо ҳамин баҳона дар маркази матбуотии байналмилалии "Россия сегодня" конфронси "Торихи олимпии Маскав" баргузор гардид.

Дар чорабинӣ узви кумитаи ташкилотии Олимпиада-80 Виталий Смирнов, аккос Сергей Гунеев,  ки мусобиқаҳоро аккосӣ мекард ва тавассути сӯҳбати видеоӣ чун қаҳрамони олимпии мунтахаби советӣ иштирок доштанд. Ҳамчунин ба ин сӯҳбат тавассути видео варзишкори амрикоӣ Фил Райли ҳамроҳ шуд, ки орзу дошт дар Олимпиада иштирок кунад, аммо бо далели бойкоти бозиҳо аз ҷониби Амрико натавонист ширкат варзад.

Дар шароити худинзовоии маҷбурӣ бо далели пандемияи COVID-19 тарҳи махсуси оҷонсӣ лағви чорабинӣ бахшида ба 40-солагии Бозиҳои олимпиро, ки нақша доштанд бо супориши президент дар Маскав баргузор кунанд, ба андозаи кофӣ ҷуброн кард.

 "Мо ба раисҷумҳур Владимир Путин ин пешниҳодро карда будем, ӯ моро дастгирӣ кард ва ба раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин супориш дод, - мегӯяд Смирнов. - Мо нақша доштем, ки ба Маскав меҳмонони зиёд, аз ҷумла варзишгарон, президентони федератсияҳоро даъват кунем, кумитаи ташкилотиро созмон додем, аммо ба ҳамааш эпидемия садди роҳ шуд".

Афзун бар ин, бо шарофати тарҳи вижаи Москва-80: Ретро-tube" варзишгарони дорои медалҳои олимпиадаро ду ҳафта тариқи онлайн қадрдонӣ хоҳанд кард. Sputnik баробари варзишгарон ба роҳбаладон, тарҷумонҳо, кормандони маишӣ ва дигар нафароне ки Олимпиадаи 80-ро яке аз беҳтаринҳо гардониданд, диққат дод.

"Он рӯйдоди бесобиқа буд, - гуфт Виталий Смирнов. - Мо бояд садҳо ҳазор хориҷиро қабул мекардем, аммо меҳмонхонаҳои Маскав танҳо барои 40 ҳазор нафар буданд. Олимпиада -80 барои кишвар катализаторе гашт. Ба Маскав як терминали нави фурудгоҳ лозим буд ва дар натиҷа "Шереметьево-2" пайдо гардид. Дигар шаҳрҳо ба монанди Ленинград, Таллин, Минск ва Киев низ рушд карданданд".

Саргузаштҳо аз ҳаёт: Sputnik лоиҳаи "Москва-80: Ретро-tube"-ро рӯнамоӣ кард

Ҷузъҳои шахсӣ

Ин тарҳи Sputnik  сирри зиёди Олимпиадаро ифшо хоҳад кард. Масалан, медалистон бори нахуст нақл карданд, ки ҳонорарҳои худро ба чӣ масраф карданд. Қаҳрамони чоркаратаи бозиҳои олимпӣ, президенти федератсияи шиноварии Русия Владимир Салников ба ёд меорад, ки мошин харида буд. 

"Бо се медал ман бе мушкилӣ метавонистам ки "Жигули" харам ва бисёр ифтихорманд низ будам, ки дар синни 20-солагӣ автомобили шахсии худро дорам", - мегӯяд вай.

Қаҳрамони дигари олимпӣ, Александр Сидоренко низ, ки мунтахаби ҶШС Украинаро муаррифӣ мекард, мошин харидааст, танҳо барои худаш неву барои падараш.

"Ӯ орзу мекард, ки "Волга" дота бошад, барои ҳамин ман пулҳоямро ба падарам додам", - мегӯяд варзишкор.

Варзишгарон мегӯяд, аз харидҳо дида, ҳиссиёти хурсандиву ифтихор бештар дар хотирашон нақш бастааст. Ба гуфтаи шиновар Сергей Фесенко, ӯ бо гирифтани медали тилло дарҳол дарк накард, ки чӣ дастовардеро ноил шуд, зеро бо делели ташхиси допинг дарҳол биноро тарк карда наметавонист.

" Ман ба "Олимпийская деревня" баргаштам, хоб кардам ва саҳари 4 бедор шудам ва ба фикр фурӯ рафтам, ки дирӯз дар ҳаёти ман чӣ гузашт",  - ба ёд меоварад ӯ.

Имкониятҳои нав

Аккоси номӣ Сергей Гунеев, ки то ҳол дар оҷонсии "Россия сегодня" кор мекунад, тавзеҳ дод ки чигуна тавонист беҳтарин аксҳои бозиро бигирад.

Ӯ барои аккосӣ кардани машҳуртарин акси "Давидан бо мамониятҳо"  як сол машқ мекард. 

"Барои камераро дар зери садди варзишгарон насб кардан, ман бо амният ва судяҳо ду рӯз баҳс кардам ва иҷозат гирифтам. Пленкаи он 36 кадр дошт ва 33-ми он  акси машҳур гардид", - нақл мекунад вай.
Саргузаштҳо аз ҳаёт: Sputnik лоиҳаи "Москва-80: Ретро-tube"-ро рӯнамоӣ кард

Қурбониёни бойкот

Шамшербози амрикоӣ Фил Райлӣ мегӯд, бештари варзигарон барои Бойкоти бозиҳо аз ҷониби Амрико ва дигар кишварҳо нигарон буданд.

"Мо намедонистаем, ки ба бозӣ меравем, ё не, аммо тамринро давом медодем. Бойкот - хело бад аст. Варзиш набояд бо сиёсат пойбаста шавад. Он бояд одамонро муттаҳид кунад. Варзиш - дӯстӣ, ошноӣ ва шиносоӣ бо фарҳангҳои мухталиф аст", - гуфт вай ҳангоми баромадаш.

Ба гуфтаи вай, узви мунтахаби Амрико оид ба шамшербозӣ дар бозӣ иштирок накарда бошад ҳам, онро пайгирӣ мекард.

Миқиёси беназир

Формати нашриётҳо дар ҳошияи лоиҳа гуногунанд: аз матн то навор. Аммо ҳар як маводро мӯҳраи хотирмоне оро медиҳад. Масалан, дар силсилафилми "Москва-80" дар як вақт чор муҷрӣ -  продюсери генералии телевизиони "МАТЧ ТВ" Тина Канделакӣ, шореҳи варзишӣ Дмитрий Губерниев, нависанда Дмитрий Пучков ва блогер Михаил Ронкаинен иштирок мекунанд.

Қисми аввали лоиҳаро ки ба амнияти Олимпиада бахшида шудааст, метавон ҳоло тамошо кард. Дигар қисмҳои филм дар бораи таъсири бозиҳои олимпӣ ба мӯд дар СССР, баргузории мусобиқаҳо ва фазои бозӣ бахшида шудааст.

Бо далели пандемияи коронавирус конфронси бахшида ба оғози лоиҳаи "Москва-80: Ретро-tube"  онлайн баргузор гардид. Аммо маҳз худинзивоӣ боиси рушди таҳ гардид, мегӯяд муовини сармуҳаррири оҷонсии "Россия сегодня" Андрей Благодиренко.

Дар шароити хона кормандони агентӣ имконият доштанд, ки ин тарҳро шавқовартар ва нигоҳи дигар ба нақша гиранд.

"Ин тарҳ имрӯз дар 13 вебгоҳҳо оғоз шуд. Аз болои он кормандони зиёди агентӣ чӣ дар Маскав ва чӣ аз бахшҳои миллии сайтҳо кор мекарданд. Мо бо ин лоҳи чӣ гуфтан мехостем? Пеш аз ҳама дар бораи зиндаги як кишвари бузург дар 40 соли пеш. Аз фазо: чигуна кишвар баъди баргузори бозиҳо тағйир кард ва ё ҷумҳуриҳои иттиҳод дар баргузори бозиҳо чӣ саҳме доштанд", - гуфт Андрей Благодиренко.

Феълан 13 вебгоҳи оҷонсӣ дар бораи Олимпиаде-80 200 мавод омода кардаанд, шумораи он то 3 август ба 250 мавод хоҳад расид, афзуд муовини сармуҳаррир.

"Мо аз ҳамагон даъват мекунем, ки лоиҳаи махсуси моро тамошо кунанд ва ба ёд оранд, ки Олимпиада-80 40 сол пеш чигуна баргузор шуда буд", - гуфт дар анҷом Андрей Благодиренко.

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ соли 1980 дар Маскав, пойтахти Иттиҳоди Шӯравӣ аз 19 июл то 3 август баргузор шуда буд. Қисме аз бозиҳо дар Таллин, Киев, Ленинград ва Минск баргузор гардида буд. Он дар торихи Бозиҳои олимпӣ аввалин бозӣ дар ҳудуди Аврупои шарқӣ буд.