Рӯзи таҷлили Иди Қурбон дар Тоҷикистон муайян шуд

Имсол дар Тоҷикистон Иди Қурбон, яке аз ҷашнҳои мусалмонони дунё санаи 31 июл ҳафтаи оянда  таҷлил карда мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Дар ин бора як манбаъ аз Шӯрои уламои маркази исломии кишвар ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ӯзбекистон санаи таҷлили Иди Қурбонро эълон кард: дар Тоҷикистон кай маълум мешавад?

Ба иттилои манбаъ, Иди Қурбон дар назар аст, имсол 31 июл рӯзи ҷумъа таҷлил шавад.

Манбаъ гуфт, дар бораи таҷлили рӯзи ид фардо ҷаласаи навбатии Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон доир мешавад ва расман санаи баргузории он эълон мешавад.

Ӯ гуфт, ба эҳтимоли зиёд бинобар сабаби коронавирус намози Иди Қурбон низ бидуни ҷамъомад дар хонаҳо доир мегардад.

“Дар ин бора низ қарори дахлдори Шӯрои уламо фардо содир хоҳад шуд”, - афзуд манбаъ.

Маъмулан Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад.

Ҷашни идҳои мазҳабии мусалмонон ҳамасола дар рӯзҳои гуногун аз моҳи июн то сентябр ҷашн гирифта мешавад.

Чунин тафовути калони ҷашнгириро бо он шарҳ медиҳанд, ки тақвими мусалмонӣ тақрибан 354 рӯзро ташкил медиҳад, ки аз соли офтобӣ 10 ё 11 рӯз камтар аст. Маҳз ҳамин номутобиқӣ боис мешавад, ки таҷлили ин идҳо ба вақтҳои гуногун рост меояд.