Истеҳсоли ватанӣ ва танҳо матои пахтагин - либосе, ки моли Тоҷикистон аст - навор

Дар Душанбе корхонаи нав тоза ба фаъолият шурӯъ кард, ки на танҳо барои калонсолон, балки барои кӯдакон низ либос омода мекунад
Sputnik

Навори як корхонаи муосири тоҷик дар Интернет пайдо шуд, ки дар он ба туфайли таҷҳизоти нав, на танҳо барои калонсолон, балки барои кӯдакон низ либос омода мешавад.

Марказе, ки набуд: тӯҳфаи Русия ва Барномаи рушди СММ ба ҷавонону атфоли тоҷик

Дар видео нишон дода шудааст, ки чӣ тавр мутахассисони сехҳои дӯзандагии фабрикаи Тоҷтекс бо истифода аз таҷҳизоти рақамӣ тарроҳии нақшаҳои ояндаро барои либосҳои кӯдакона ва ҳатто навзодон интихоб мекунанд.

Устои гулдӯз: ҳар як нақши сӯзанӣ маънои хосе дорад-видео

Ҳама эскизҳо мувофиқи нақшҳои махсуси интихобкардаашон бурида мешаванд, ки аввалан дар таҷҳизоти махсуси компютерӣ таҳия шудаанд.

Видеои якбора якчанд толорро дарбар мегирад, ки садҳо коргар саргарди дӯхтани либос ҳастанд.

Зикр мегардад, ки ҳамаи либосҳо танҳо аз матои пахтагӣ дӯхта мешавад.