Боздошти ғоратгар: дар кӯча аз дасти духтари 22 - сола 800 доллар ва телефон рабуд

Кормандони милитсия аз боздошт гардидани марди 30 - сола хабар медиҳанд, ки дар дуздии пул ва телефон муттаҳам дониста мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Сокини 30 - солаи шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори ғоратгарӣ дастгир карда шуд.

Боздошти сокини 35-солаи Исфара бо ҷурми ғоратгарӣ

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодисаи ғоратгарӣ рӯзи 20 - уми июл, тахминан соати 10:30 дақиқа дар яке аз кӯчаҳои пойтахт рух додааст.

Ахбори ВУД: ғоратгарӣ дар Данғараю кордзанӣ пеши бозори “Суғдиён”

Манбаъ меафзояд, номбурда дар кӯчаи Р.Набиев аз дасти ҷавонзани 22 - сола 800 - доллар ва 1-адад телефонии мобили тамғаи "Самсунг Ҷ-4"-ро тасарруф намудааст.

"Зимнан, пас аз ғорати ҷавондухтар ӯ аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, зарари умумии раида ба ҷабрдида 9 ҳазору 100 сомониро ташкил медиҳад.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.