Боздошти ҷавони 24 сола, ки пирамарди 80 сола ва келинашро корд зад

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавони 24 солаи пойтахт хабар медиҳад, ки ду узви як хонаводаро якзарбаӣ корд задааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҷавон аз суи кормандони пулиси ноҳияи Смонӣ дар пайи аризаи пирамарди 80 сола боздошт шудааст.

Ҳамсарро кушту хушдоманро захмӣ кард: додгоҳи Хатлон ҳукми Рамазони 27 соларо содир намуд

Ба иттилои манбаъ, ҷавони 24-сола  бе ягон асос пирамарди 80-солаи  ва келинаш, зани 35-соларо дашномҳои қабеҳ дода, бо корди ошхонагии дар дасташ буда 1-маротиба дар қисмати шиками ҷабрдида ва 1-маротибаи дигар дар қисмати шиками келинаш задааст.
“Дар натиҷа номбурдагон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд” ,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, ҳодиса санаи 20-уми июли соли 2020, тахминан соати 11:00-дақиқа дар хонаи истиқоматии ҷабрдида сар задааст.

ВУД мегӯяд, аз руи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.