ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Сироҷиддин Икромӣ, раиси бонк имрӯз зимни нишасти хабарияш гуфт, даромати софи бонк дар ин давра 23,9 миллион сомониро ташкил намуд, ки ин нисбат ба ҳамин давфраи соли гузашта 17,5 фисад зиёд мебошад.
Номбурда гуфт, сармояи бонк бошад ба андозаи 6,6 фоиз боло рафта, ба 444, 6 миллион сомонӣ баробар шуд.
“Бонк аз рӯи фаъолияти худ ба андозаи 44,3 миллион сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлатӣ партохт намуд, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,2 миллион сомонӣ ва ё 42,5 фоиз зиёд мебошад,-гуфт Сироҷиддин Икромӣ.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло дороиҳои бонк ба 4,2 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳои бон 3,2 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Ба гуфти Сироҷиддин Икромӣ, пардохтпазирии бонк дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, маблағҳо сари вақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаронида шуданд.