ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо қарори Комиссияи харидорӣ “Девон”-и Ҳофизи Шерозӣ харидорӣ намудааст, ки бо хатти настаълиқ дар асри XVII навишта шудааст ва аз нигоҳи илми нусхашиносӣ арзиши баланд дорад, хабар медиҳад Вазорати фарҳанг.
Тибқи иттилои манбаъ, Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” китобро аз китобхонаи шахсии як шаҳрванди Тоҷикистон харидорӣ намудааст.
"Хазонаи ғайб": ранҷу азоби тарҷумони яҳудии “Девон” – и Ҳофиз дар Исроил
Гуфта мешавад, ки дар “Девон”-и мазкур бештари ашъори Ҳофиз бо забони форсӣ навишта шуда, баъзе ғазалҳояш бо ду забон, яъне арабӣ ва форсӣ навишта шудаанд.
"Ғайр аз ин дар “Девон”-и ӯ қитъа, қасида ва маснавиву рубоиёт низ ҷойгир аст", - омадааст дар хабарнома.
Шоири ғазалсарои форсу тоҷик Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ аз ҷумлаи адибон ва мутафаккирони барҷаста ва оламшумулест, ки осори гаронбаҳояш кайҳо боз зиннатфазои ганҷинаи адабиёти ҷаҳонӣ гардида ва худаш ҳамчун бузургтарин шоирони лирикнавис шинохта шудааст.
Манбаъ афзуда, ки “Девон”-и ғазалиёти ӯ тӯли асрҳо дастурамали зиндагии адабдӯстон будааст.
Аз ин ҷиҳат нусхаи хатти “Девон”-и ӯ то ҳол дар китобхонаҳои шахсии мардуми миллати тоҷик низ ҳифзу нигаҳдорӣ мешавад.