ДУШАНБЕ, 20 июл – Sputnik. Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон бин Абдулазиз ба бемористон интқил ёфтааст, гузориш медиҳад "Парс тудэй" дар истинод ба расонаҳои арабӣ.
Бино бар иттилои манбаъ, Абдулазиз ба бемористони тахассусии Малик Файсал дар Риёз фиристода шудааст.
"Дарбори салтанатии саудӣ эълом кард, Малик Салмон ба далели вуҷуди илтиҳоб дар гурда ва барои анҷоми озмоиш роҳии бемористон шудааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Малик Салмон бин Абдулазиз, ҳафтумин подшоҳи саудӣ аст, ки соли 2015 ба думболи марги бародараш Малик Абдуллоҳ ба подшоҳии Арабистон расид.
Ӯ, ки бисту панҷумин писари Малик Абдулазиз аст дар шаҳри Риёз ба дунё омада ва 84 сол дорад.
Арабистони Саудӣ ҳаҷро барои зиёраткунандагон аз хориҷа бекор кард