Марги ду нафар ва наҷоти як тан аз ғарқшавӣ дар обҳои Тоҷикистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва граждании Тоҷикистон аз марги ду тан ва наҷоти як нафар хабар медиҳад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, наҷотдиҳандагони Воҳиди таъиноти махсуси Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки дар соҳили обҳои вилоят навбатдории шабонарӯзӣ ташкил кардаанд, дар боғи фарҳанг ва истироҳати “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Хуҷанд, марди қариб ғарқшударо диданд.

"Прапоршик Зарифҷон Раҷабов бо як чолокии пешбининашаванда худро ба об андохт ва ба зудӣ ба мард наздик шуд ва ӯро аз марги эҳтимолӣ наҷот дод. Маълум шуд, ки ӯ як сокини 29-солаи деҳаи Хайрободи ноҳияи Зафаробод буда, дар ҷойи мамнуъ барои шиноварӣ оббозӣ мекард", - омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки марди наҷотёфта, баъди он ки ба ӯ ёрии аввали тиббӣ расонданд, аз рафтан ба бемористон барои ташхис худдорӣ намуд. 

Ғарқшудаҳо дар Душанбе ва ВМКБ: ҷасади ду тан пайдо шуду ҷустуҷӯи дигаре идома дорад

Дар баробари ин, шабонарӯзи гузашта имдодгарони Кумита ду маротиба барои наҷоти ҷони афроди ғарқшуда аз маҳалли будубоши худ берун шуданд.

Аз ҷумла, соати 17:45 дақиқаи рӯзи 19-уми июн хабар расид, ки дар дарёи Варзоб як мард ғарқ шудааст. Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ҷасади ӯро соати 19:21 дақиқа аз зери об берун оварданд. Ӯ як сокини 39-солаи пойтахт будааст. Ҷасад ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ташхиси сабабҳои марг супурда шуд.    

Ҳамчунин, шаб, соати 21:45 дақиқа хабар расид, ки дар ҳавзе воқеъ дар ҳудуди бӯстонсарои “Маҳмудиён”-и маҳаллаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ марде ғарқ шудааст. Имдодгарон ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ҷасади ғарқшударо, ки сокини 54-солаи деҳаи Гултеппа будааст, аз об берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.   

КҲФ мегӯяд, риояи қоидаҳои бехатарӣ ва худдорӣ кардан аз шиноварӣ дар ҷойҳои мамнуъ гарави саломатӣ аст.