ДУШАНБЕ, 20 июл - Sputnik. Дастаи футболи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб, ки дар даври чорум низ ғолиб омад, дар ҷадвали мусобиқа бо 12 имтиёз пешсафи ягона гардид, гузориш медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
"Равшан" дар даври чорум дар меҳмонӣ бар дастаи "Шоҳмансур"-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби калон- 8:3 ғолиб омад. Дастаи футболи "Эсхата"-и Хуҷанд, ки дар сафар аз дастаи "Панҷше"-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд, бо 9 имтиёз мақоми дуюмро касб намудааст.
Дастаи футболи "Исфара"-и шаҳри Исфара, ки дар майдони худ бар дастаи "Ҳосилот"-и Фархор бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд, бо 9 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор дорад.
Дар бозиҳои дигари даври чорум дастаи футболи "Моҳир"-и Ёвон дар меҳмонӣ дастаи "Ҳулбук"-и Восеъро бо ҳисоби 4:2, дастаи футболи "Ваҳдат"-и шаҳри Ваҳдат дар майдони худ "Барқчӣ"-и Ҳисорро бо ҳисоби 3:2 ва дастаи "Равшан"-и Зафаробод дар мизбонӣ дастаи "Саройкамар"-и Панҷро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карданд.
Футбол: бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 маълум шуд
Бозиҳои даври панҷуми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон 21-22 июл баргузор мешаванд. ар бозии марказӣ дастаи футболи "Равшан"-и Кӯлоб дар майдони худ бо "Исфара" рақобат мекунад.
Бозиҳои дигар миёни дастаҳои футболи "Барқчӣ" – "Шоҳмансур", "Эсхата" – "Равшан" (Зафаробод), "Моҳир" – "Ваҳдат" ва "Саройкамар" – "Ҳулбук" сурат мегирад.