Ба моторолу девор бархӯрд: садамаи Назаршои ҷавон ва ҳалокати як мард зери бетон

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз рух додани садамаи маргбор дар шоҳроҳи Қубодиён - Шаҳритус хабар додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 июл – Sputnik. Дафтари матбуоти ВУД менависад, ҳолиса рӯзи 17-уми июли соли 2020, тахминан соати 19:40-дақиқа  рух додааст.

Садама дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд: ВУД аз қурбонии ҳодиса гуфт
Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21010”, Назриев Назришо Рустамович, соли таваллудаш 1992, сокини ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Қубодиён ҳангоми ҳаракат кардан аз самти деҳаи Навобод ба самти ноҳияи Шаҳритус, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Т.Сангин аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба Моторол, таҳти идораи ронанда Тоҳиров Зокир Муқимович, соли таваллудаш 1994, сокини ҷамоати деҳоти Т.Сангини ноҳияи мазкур бархурдааст.

Баъдан худрави Назаршо ба девори бетонии дар канори роҳ қарор дошта бархӯрдааст.

Садамаи марговар дар ноҳияи Ашт: ронанда мошинро чаппа кард

"Дар натиҷа девори бетонӣ ба болои Шарифов Хайриддин Пирович, соли таваллудаш 1963, сокини ҷамоати деҳоти Т.Сангин чаппа шудааст. Номбурда Шарифов Х.П. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - менависад ВУД Тоҷикистон.