ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Дар қаламрави Ӯзбекистон дар давоми шабонарӯзи гузашта 537 кас мубталои маризии коронавируси COVID - 19 шуда, теъдоди умумии гирифторони ин беморӣ дар ин кишвар ба 16 966 нафар расид.
Дар ин бора Вазорати беҳдошти Ӯзбекистон хабар медиҳад.
Дар Ӯзбекистон нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус рӯзи 15 март сабт шуда буд. То рӯзи якшанбе (19 июл) теъдоди гирифторони коронавирус 16 429 касро ташкил дода 84 нафар аз ин беморӣ ҷон бохтанд ва 9127 шифо ёфтанд.
"То 20 июли соли равон шумораи гирифторони бемории коронавируси COVID - 19 дар қаламрави Ӯзбекистон ба 16 966 кас расид", - омадааст дар хабарномаи Вазорати тандурустӣ.
Ҳамчунин дар давоми 24 соати гузашта чаҳор бемор қурбони ин беморӣ шуда, шумораи умуммии фавтидагон аз COVID-19 ба 88 кас расид.
Тибқи иттилои Вазорат, шумораи умумии шифоёфтагон аз коронавирус ба 9279 расид. Рӯзи якшанбе аз табобатхонаҳои кишвар - 152 нафар, рӯзи шанбе - 124 ва рӯзи ҷумъа- 220 кас мураххас шуд.
Посухи сафорат ба "пайғамбар аз Самарқанд", ки Чинро ватани COVID - 19 хонд - акс
Феълан 7599 гирифтори COVID-19, аз ҷумла 81 кас дар ҳолати вазнин ва 23 нафар ваҳим, таҳти табобати пизишкон қарор доранд.
Ҳукумати кишвар карантинро дар ҳудуди кишвар то 1 августи соли равон тамдид кард.