Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Посухи сафорат ба "пайғамбар аз Самарқанд", ки Чинро ватани COVID - 19 хонд - акс

Қаблан пирамард эълон карда буд, ки ӯ ба хотири наҷот додани инсоният аз маризии коронавирус фиристода шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Сафорати Чин дар Ӯзбекистон ба иддаои "пайғамбар аз Самарқанд" вокуниш нишон дод, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.

Пирамард худро фиристодаи Офаридагор ба замин ба хотири наҷот додани инсоният аз коронавирус эълон кард. Ӯ изҳор дошта буд, ки ба хотири маҳв кардани ин маризӣ бояд ба Чин "Ватани COVID - 19"  сафар кунад.

 

Посухи сафорат ба "пайғамбар аз Самарқанд", ки Чинро ватани COVID - 19 хонд - акс
Зимнан, дар робита ба вокуниши сафорати Чин дар Ӯзбекистон, Раёсати умури дохилаи вилояти Самарқанд аз пайи пайдо кардани ин пирамард шуд.
"Ҳамаро мубталои коронавирус мекунам": боздошти сайёҳ барои таҳдид ва сулфа сӯи мардум

 

Муайян гардид, ки ин мард мутаваллиди соли 1962 буда, дар яке аз маҳаллаҳои Самарқанд ба сар мебарад. Солҳои 1980 -82 дар ҷанги Афғонистон иштирок намуда, он ҷо контузия шудааст. Феълан мутахассисон вазъи равонии ин мардро тафтиш мекунанд.

Панҷ устоди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон аз коронавирус ҳалок шуданд

Сафорати Чин дар вокуниши худ изҳори намудаст, ки Чин на ватани ин вирус, балки аз нахустин давлатҳост, ки аз бурузи ин маризӣ ҷаҳонро огоҳ кард.

"Мо боварӣ дорем, ки барои рафъи пандемия бояд ҳикмат ва қудрати тамоми инсоният муттаҳид шавад ва тамоми захираҳо сафарбар гарданд. Аммо, мо бояд дарк кунем, ки Чин танҳо кишварест, ки ин бӯҳронро аввал муайян карда ба ҷаҳониён хабар дод. Чин ба ҳеҷ ваҷҳ ватани ин вирус нест", - таъкид мешавад дар хабари сафорат.

Ёдловар мешавем, аз оғози пандемия зиёда аз 14,3 миллион ҳолати сироятёбӣ дар ҷаҳон ошкор карда шуд. Аз ин беморӣ дар маҷмӯъ 602 ҳазор нафар фавтида, зиёда аз 8.03 миллион мариз шифо ёфтанд.