КБО: розием, ки олимпиада тибқи талаботи замони буҳронӣ барномарезӣ шавад

Кумитаи тадорукоти Токио-2020 дар Анҷумани 136-уми Кумитаи байналмилмилалии олимпӣ эълон кард, ҳамаи иншоот барои баргузории бозиҳои олимпӣ барои соли оянда ҳифз шуданд ва нақшаи баргузории мусобиқот тасдиқ гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Оғози бозиҳои олимпии батаъхирафтодаи Токио-2020 санаи 23 июли соли 2021 дар назар аст, хабар дод сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Дар Душанбе 41 ва дар Хатлон 43 дараҷа: пешгӯии ҳавошиносон барои имрӯз

Манбаъ аз қавли президенти КБО Томас Бах, афзуд ки то бозиҳои олимпӣ як сол боқӣ мондааст ва дар пеш моро вазифаи бузург интизор аст.

“Шаҳраки олимпӣ - дили Бозиҳои олимпӣ, ҷои баргузории мусобиқот – рӯҳ аст. Ман хушҳолам, ки шаҳрак ва иншоот барои соли оянда ҳифз карда шуданд. Варзишгарон аз тамоми ҷаҳон дар шаҳраки олимпӣ зери як сақф зиста, якҷо хӯрок мехӯранд, якҷо ҷашн мегиранд, муҳокима мекунанд ва ҷомеи беназири олимпиро ташаккул медиҳанд. Токио-2020 барои расидан ба ин ҳадаф кӯшиш кард ва нақшаи мусобиқотро, нигоҳ накарда ба вазъияти фавқулодда, тасдиқ намуд, ки шаҳодати фаъолияти босамари кумитаи муттаҳидаи идоракунанда бо роҳбарии Ҷон Коутс ва Йоширо Морӣ мебошад”, - иброз намуд Томас Бах.

Ҳамлавару ниммуҳофизатгар: бошгоҳи “Хуҷанд” аз харидории ду бозингари нав хабар дод

Ӯ афзудааст, ки ҳамроҳ бо шарикони ҷопонӣ ва дигар дӯстон мо розием, ки банақшагирии Бозиҳои олимпӣ дар Токио тибқи талаботи буҳрони ҷаҳонӣ сурат гирад ва дар баробари ин рӯҳ ва идеяҳои ҷолиб, ки мақсади моро ифода мекунад, ҳифз карда шавад.

“Мо сари амалиёт ва хизматрасониҳое, ки ба варзиш ва варзишгарон зарар нарасонанд, кор карда истодаем. Бо ин тартиб, мо метавонем ҳамроҳ бо Кумитаи тадорукот бозиҳои батаъхирафтодаи олимпии Токио-2020-ро ба ҷашни ягонагӣ, ҳамбастагии инсонҳо ва рамзи эътимод ва умед ба ояндаи нек табдил диҳем. Нишон диҳем, ки мо дар якҷоягӣ қувваи бузургем”, - таъкид намудаст президенти КБО.

Йоширо Мори, масъули Кумитаи тадорукот изҳор доштааст, ки дар оянда низ тамоми талошамонро ба харҷ медиҳем, то Бозиҳои олимпии Токио пас аз буҳрони бемории COVID-19 рамзи иттиҳод ва ҳамбастагӣ бошад.