Шумораи донишҷӯёни тоҷик дар хориҷ муайян шуд

Донишгоҳҳои Русия барои ҷавонони тоҷик диққатҷалбкунанда буда, шумораи бештари довталабон аризаҳояшонро ба муассисаҳои таълимии ин кишвар ирсол мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Бино бар оморе, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузоштааст, дар умум ҳудуди 34 065 донишҷӯи тоҷикистонӣ дар мактабҳои олии хориҷ таҳсил мекунанд.

Донишҷӯёни тоҷикро тариқи парвози вижа аз Русия ба Тоҷикистон бозгардониданд
Аз ин шумора, бештараш 24 604 нафар дар донишгоҳҳои Русия таҳсил доранд.

Ҷои дувумро донишгоҳҳои Чин мегиранд, ки 4075 давталаб аз Тоҷикистонро қабул кардаанд.

Ҳамин тавр, Белорус (1151), Қазоқистон (959) ва Қирғизистон (698) низ дар ин рйхат қарор доранд.

Мактабҳои олии Амрико (321), Лаҳистон (293), Туркия (283), Украина (220), Олмон (172) ва Ҳиндустон (147) низ ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон боз аст.

Аз интихобам розиям: чигуна донишҷӯёни тоҷик дар Русия таҳсил мекунанд - акс

 Ҷоизи қайд аст, ки дар Ӯзбекистон ин нишондод камтар буда, 54 донишҷӯи тоҷик дар ин кишвар таҳсил мекунанд.