Боз ду ҳазор бемор бештар шуд: муборизаи Эрон бо КОВИД -19 идома дорад

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии ҳудуди 2 ҳазор бемори нави мубтало ба КОВИД-19 ва беҳбудии беш аз 235 ҳазор нафар дар кишвар хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Симосодоти Лорӣ рӯзи шанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар Эрон ба хабарнигорон гуфт, бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта 2 ҳазору 166 бемори нави КОИВД-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Рӯҳонӣ: Эрон бидуни вобастагӣ ба нефт идора мешавад

 Гуфта мешавад, ки аз ин шумор як ҳазору 293 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ пас аз муоина, хадамоти пизишкӣ дода шуд.

Инчунин хонум Лорӣ гуфт, маҷмуи беморони КОВИД-19 дар Эрон ба 271 ҳазору  606 нафар расидааст, ки то кунун 235 ҳазору 300 нафар аз беморон, беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Ҳамзамон вай афзуд, дар 24 соати гузашта 188 нафар аз беморони КОВИД-19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмуи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 13 ҳазору 979 нафар расидааст.