Парвандаи антисептикҳои қалбакӣ дар Суғд: прокурор аз чанд соҳибкори судҷӯй ном бурд

Ҳабибулло Воҳидов, прокурори вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ дар бораи парвандаи соҳибкороне иттилоъ дод, ки дар замони оғози хуруҷи бемории COVID-19 дар кишвар худсарона ба сохтакорӣ ва фурӯши маҳлулҳои тиббии антисептикӣ даст задаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 июл – Sputnik. Прокурори вилояти Суғд иброз намуд, ки дар оғози хуруҷӣ бемории коронавирус баъзе соҳибкорон ба сохтакорӣ даст зада дар вазъияти бавуҷудомада ба судҷӯӣ машғул шудаанд.

"Рейд": боздошти фаъолияти 7 соҳибкор, аз ҷумла як зан барои истифодаи ғайриқонунии барқ

Ҳабибулло Воҳидов аз ду соҳибкори Суғд ном бурд, ки яке дар хонаи иҷоравӣ ва дигаре дар гаражи автомобил худсарона ба сохтани маҳлулҳои антисептикӣ машғул шуда, онҳоро ба фурӯш бароварданд.

Санҷиши "Тоҷикстандарт" дар Бадахшон: соҳибкорон ҷарима шуданд

"Чунончӣ Пулотов С., сокини шаҳри Исфара дар хонаи иҷоравиаш воқеъ дар шаҳри Исфара, кӯчаи марказӣ бинои №31/ 4, бе иҷозатномаи дахлдор ба истеҳсоли маҳлули тиббии антисептикии 70% машғул шуда, санаи 22 майи соли 2020, ӯ 3200 дона маҳлули тибии тариқи қалбакӣ омоданамударо ба мағозаи бозори “Ҳоҷи Ҳайит” и шаҳри Истаравшан интиқол дода, аз фурӯши он 5760 сомонӣ фоида ба даст овардааст. Ӯ такроран 23 уми майи соли 2020, 2400 дона маҳлули тиббии антисептикии тариқи қалбакӣ омоданамудаашро ба сокини шаҳри Исфара, Ҷураев ба маблағи 4320 сомонӣ фурӯхтаас. Нисбати Пулотов С. санаи 18-уми июни соли 2020 бо моддаи 210 иловаи 1, қисми 1- и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд", - гуфт Воҳидов.

Бино ба гуфти прокурори Суғд дар ин давра соҳибкор Аҳадов А., сокини ноҳияи Б. Ғафуров ҳам бо истеҳсол ва фурӯши ғайриқонунии маҳлулҳои антисептикӣ машғул шудааст.

"Аҳадов А., дар нуқтаи шустушӯи автомобилҳо воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор дошт бе гирифтани шаҳодатномаи мақомоти давлатӣ, ғайриқонунӣ ба истеҳсол ва фурӯши маҳлули шӯяндаи антисептикӣ машғул гардидааст. Дар рафти санҷиш 344 адад маҳлулҳои антисептикии ба талаботҳои стандартӣ ҷавобгуй набуда гирифта шуд. Аз натиҷаи санҷиш санаи 28-уми майи соли 2020 нисбати шаҳрванд Аҳадов А., бо аломатҳои моддаи 294 қисми 2 (фиреби истеъмолкунандагон) и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд", - иттилоъ дод Воҳидов.

Дар нишасти матбуотӣ дар прокуратураи Суғд гуфтанд, ки дар давраи хуруҷи бемории COVID- 19, дар 105 ҳолат сокинон, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст, ки дар 18 лаҳза чунин парвандаҳо, худсарона баланд кардани нархи маводи тиббӣ муайян карда шудааст.

Ин гуна ҳолатҳо аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Исфара 2 ҳолат, Истаравшан 3 ҳолат, Хуҷанд 3 ҳолат, Гулистон 2 ҳолат, Деваштич 3 ҳолат, ноҳияи Б. Ғафуров 1 ҳолат ва шаҳри Панҷакент 1 ҳолатӣ ба қайд гирифта шудааст.