Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Фавти чор устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон аз илтиҳоби шуш

Маҳмадёрзода Усмон ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон гуфт, сафи ками устодони ин донишгоҳ ба маризии сироятии коронавирус гирифтор шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Ба гуфтаи Маҳмадёрзода чор устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бар асари мубтало шудан ба илтиҳоби шадиди шуш ба ҳалокат расиданд.

Тоҷикистон ба сабаби коронавирус натавонист 363 миллион сомонӣ қарзу грант гирад

Ректори Донишгоҳи аграрӣ аз сироятёбӣ ва фавти омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ дар ҳузури хабарнигорон маълумот дод.

Ба изҳори ӯ, ба бемории вогири коронавирус теъдоди ками устодони донишгоҳ гирифтор шуданд.

Маҳмадёрзода таъкид кард, ки як нафар устоди кафедраи ҳарбӣ, як ҳамкорӣ асосӣ ва ҳамчунин ду ҳамкори берунӣ қурбони илтиҳоби шуш гардиданд.

Чор корманди Сафорати Тоҷикистон дар Русия олудаи коронавирус шуданд

Ёдовар мешавем, панҷ омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар пайи сироят аз коронавируси навъи нав ҳалок шуданд. дар ин бора рӯзи 16 - уми июл ректори донишгоҳи тиббӣ Маҳмадшоҳ Гулзодадар ҷараёни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Тавре ӯ афзуд, дар давраи пандемия дар Тоҷикистон 129 устоди Донишгоҳи тиббӣ ҳамчун пизишк низ фаъолият карданд. Афзун бар ин, дар мубориза бо коронавирус 18 донишҷӯи курсҳои болои донишгоҳи мазкур шарик буданд.