Зариф Назирӣ: 17 гузаргоҳ бо Қирғизистон баста ва барои назорати марз камераҳо насб шуд

Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар бораи тақвияти назорати марз бо Қирғизистон дар замони хуруҷи бемории COVID -19 иттилоъ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар нишасти хабарӣ дар бораи тақвиятёбии назорати марз бо кишвари Қирғизистон таъкид кард.

“Ду минтақа, яке Хистеварз ва дигаре Овчи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ноҳияҳои Қирғизистон ҳамсарҳаданд. Дар 17 гузаргоҳе, ки дар ин минтақаҳо мавҷуданд, мо хандақ (траншек) кофта гузаштани воситаҳои нақлиётро манъ намудем. Ҳоло хуруҷи бемории COVID – 19 дар ин ҳамсоякишвар афзудааст ва ба ин далел мағоза ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Қирғизистон дар канори шоҳроҳи Хуҷанд-Исфара баста шудаанд. Бо ин вуҷуд мо бо маблағи 250 ҳазор сомонӣ камераҳои мушоҳидавӣ харида насб кардем, то равуои сокинон пурра назорат шавад”, -гуфт Назирӣ.

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров афзуд, ҳоло роҳ бо Қирғизистон аз ҷониби шаҳри Конибодом ҳам баста аст ва убури сокинон дар масири Хуҷанд-Конибодомро дар посгоҳҳо ба ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулони идораи беҳдоштӣ ва сарҳадбонон назорат мекунанд.

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дурбинҳои назоратӣ насб карданд

Тайи чанд рӯзи охир, дар Қирғизистон шумори сироятёфтагони бемории навъи COVID – 19 афзуда, наздик ба 12 ҳазор нафар расидааст.

Расонаҳои Қирғизистон бо такя ба вазорати тандурустии ин кишвар иттилоъ додаанд, ки рӯзи гузашта 521 ҳолати сироятёбии сокинон ба бемории коронавирус ошкор шуда, ба ҳолати рӯзи 17 - уми июл шумори маризон ба 11, 977 ҳолат расидааст.

То ин сана 160 нафар аз ин бемории навъи COVID – 19 фавтидаанд. Ба ҳисоби ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров дуюмин навоҳии ҳаммарз бо Қирғизистон дар шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз 976 километр марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон, 34 километри он дар сарҳади ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон мавҷуд аст.

Зариф Назирӣ, гуфт ҳоло ба хотири пешгирӣ ва мубориза бо бемории ҳамагири COVID – 19 хати марз бо Қирғизистон сар аз 21 -уми апрел ба ин тараф баста аст ва ҳамаи гузургоҳҳо ва чапроҳаҳое, ки миёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ноҳияи Лайлак мавҷуд буда, зери назорати қатъии мақомотҳои қудратию беҳдоштӣ қарор доранд.

Мулоқоти дипломатҳо: Тоҷикистону Қирғизистон дар Бишкек чӣ масоилро баррасӣ карданд?

“Аз рӯзи 30-уми апрел то имрӯз 234 нафар ба бемории COVID-19” мубтало шуда, то имрӯз 4 нафар аз ин маризӣ фавтидаанд. Ҳоло дар бемористонҳои ноҳия, ягон бемори гирифтор ба коронавирус боқӣ намондааст”, - гуфт Назирӣ.

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зикр намуд, ки 1531 ҳолати гирифтории сокинон ба бемории “илтиҳоби шуш” сабт шуда, аз ин теъдод 1438 нафар шифо ёфта ба хонаҳояшон рухсат шудаанд.

Танҳо 9 нафар бо нишонаҳои ин беморӣ дар қайди амбулаторӣ боқӣ монда ва ба ин ҳол вазъи саломатии онҳо муътадил арзёбӣ мешавад.