Марги нобаҳангоми падар, хонавайронӣ ва ишқи нав : ногуфтаҳои Таҳмина Раҷабова - видео

Таҳмина Раҷабова - ровӣ ва ҳунарпешаи синамо дар бораи зиндагии шахсӣ, марги падар, ҳунар, нақшҳо дар синамо ва интихоби касб гуфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 июл  — Sputnik. Таҳмина Раҷабова ҳунарпешаи сермаҳсули синамои Тоҷикистон дар барномаи "Ногуфтаҳо" - и журналист Орзу Исоев дар бораи ҳаёти пурпечутоби худ нақл кард.

Таҳмина ҳамагӣ 17 сол дошт, ки падараш бармаҳал дар 42-солагӣ аз олам чамш пӯшид. Тарбияи се фарзанд, Таҳмина, бародараш ва хоҳарчааш, ки ҳамагӣ 1 солу ҳашт моҳ дошт бар дӯши модар монд.

Пас аз чанде Таҳминаро бо писари амакаш хонадор карданд.

"Аз ҳамаи хостгорҳо хонаводаи мо писари амакамро интихоб карданд. Мо пас аз се сол ҷудо шудем. Хислатҳоямон ҷур нагирифт. Фикр мекунам ҳамин тӯйи мо ба хотири ба дунё омадани писарам - Муҳаммадҷовид буд", - ба ёд меорад Таҳмина ва мегӯяд, гарчанде дар хонавайрон шудани ӯ "таги коса нимкоса буд", ӯ имрӯз нисбати касе бадбинӣ ё ғараз надорад.

Таҳимна пас аз чанде марди зиндагиашро пайдо кард, вале ӯ аввал зидди ҳунрапеша шудани ӯ буд.

Як сол дар асорати қумандон ва тир ба пой: фоҷиаи зиндагии Файзигул Юсупова - видео

"Ӯ ба ман шарт гузошта буд: ё ман ё синамо. Ман синаморо интихоб кардам ва ӯ гуфт, ман туро бо синамоят қабул дорам", - нақл мекунад боифтихор Таҳмина ва иқрор мешавад, ки ҳамсарашро бисёр дӯст медорад.

Ҳунарпеша бо шавҳари дуюмаш то ҳол ягон фарзанд надоранд ва Таҳмина мегӯяд пас аз хатми таҳсил, албатта барои ҳамсараш фарзанде ба дунё меоорад.

"Замоне, ки мо ошно шудем, ман аллакай шартномаю қарордодҳои кориамро баста будам. Ба ҳамин сабаб натавонистам то ҳол фарзанд ба дунё биоварам", - гуфт Таҳмина.

Имрӯзҳо Таҳмина Раҷабова яке аз сермаҳсултарин ҳунарпешаҳои Тоҷикистон ба шумор меравад. То имрӯз ӯ дар 32 филм нақш офаридааст ва талош дорад, ки дар оянда ба сифати коргардон низ филмҳои ҷадиду диданӣ рӯи навор биёрад.

"Ман бисёр мехоҳам нақшҳои психологӣ офарам ва филҳоро когардонӣ кунам", - мегӯяд Таҳмина.

Айни замон Таҳмина донишҷӯи соли дуввуми бахши магистратураи Донишгоҳи давлатии кинематографии Русия (ВГИК) мебошад.