ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Дар Туркманистон агар чи то кунун ҳеҷ мавриде аз гирифторӣ ба бемории КОВИД-19 сабт нашуда, аммо пӯшидани ниқоби тиббӣ дар маконҳои умумӣ иҷборӣ шудааст, менависад "Парс тудэй".
Ба гузориши расонаҳои ин кишвар, истифода аз ниқоби тиббӣ дар маконҳои умумӣ иҷборӣ шудааст ва бозорҳо ва марокизи тиҷории бузург ба манзури пешгирӣ аз паҳншавии ин вирус таътил мешаванд.
Бар асоси иттилооти сокинони Ишқобод, мақомоти полис бо риояти гигиенаи шахсӣ дар хиёбонҳо ба гаштзанӣ мепардозанд ва зимни назорат бар раванди иҷрои муқаррарот, бар истифода аз ниқоби тиббӣ таъкид мекунанд.
Бар асоси ин гузориш, мақомоти полис дар даромадгоҳи шаҳрҳо ба вижа ҳангоми вуруд ба шаҳри Туркманбошӣ ба ронандагон ниқоби тиббии ройгон медиҳанд.
Ин гузориш ҳокӣ аст, ки коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ҳоли ҳозир дар Туркманистон ҳузур доранд ва ба баррасии вазъият ва арзёбии вазъияти зерсохтҳои беҳдоштии ин кишвар мепардозанд.
Ҳарчанд дастрасии расонаҳо ба иттилооти омори беморон дар Туркманистон душвор аст, бо ин вуҷуд бархе расонаҳои озод аз афзоиши мавориди беморони тангии нафас ва илтиҳоби шуш гузориш медиҳанд.