Кадом вазорату идораҳо чӣ қадар маблағро ғайриқонунӣ аз худ кард? – омор

Чорабиниҳои тафтишотӣ дар ду сол як маротиба сурат мегирад ва масъулини палатаи ҳисоб нақшаву чорабинии худро дар мувофиқа бо Агентии назорати молиявӣ таҳия намуда аз ҷониби сарвазири кишвар тасдиқ кардааст
Sputnik

ДУШАНЕБ, 16 июл – Sputnik. Қарахон Чиллазода, раиси палата ҳисоб, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки дар бархе идораву вазоратҳои Тоҷикистон то ҳол камбудиҳо вуҷуд доранд.

Чигуна дар “Барқи тоҷик” миллионҳоро медузданд? Раҳмон 4 мисол овард

Ба гуфтаи вай дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби палатаи ҳисоб барои баҳодиҳии иҷрои буҷети давлатӣ як қатор чорабиниҳои назоратӣ гузаронда шуд.

Манбаъ гуфт, тақрибан дар аксари вазорату идораҳои Тоҷикистон камбуди, ба монанди тассаруф, пӯшидани андоз ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ ошкор шуд.

Ба гуфтаи раиси палатаи ҳисоби Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли равон дар сохторҳои вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ба андозаи 479 ҳазор сомонӣ, дар сохторҳои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон 15 миллион сомонӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав 1,2 миллион сомонӣ, Хадамоти гумрук 3,6 миллион сомонӣ, Кумитаи андоз 1,1 миллион сомонӣ ошкор гардид.

Инчунин ҳамингуна норасоиҳо дар Кумитаи замин ва геодозии Тоҷикистон ба андозаи 178 ҳазор сомонӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист 218 ҳазор сомонӣ, Кумитаи дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳо - 367 ҳазор сомонӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ назди ҳукумати Тоҷикистон - 686 ҳазор сомонӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа - 198 ҳазор сомонӣ, Агентии беҳдошт 104 ҳазор сомонӣ, Агентии хариди мол коло ва хизматрасонӣ - 2,5 миллион сомонӣ, Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон  - 2,3 миллион сомонӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон 178 ҳазор сомонӣ ва муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” - 105 ҳазор сомонӣ ошкор карда шуд.