Бемории ангалӣ: чаро истеъмоли дил, гурда, ҷигар ва шуши ҳайвонҳоро манъ карданд?

Дар шаш моҳи аввали соли 2020 аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳҳои Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 33865, 8 кг маҳсулоти гӯштӣ нобуд карда шуд
Sputnik

ДУШАНЕБ, 16 июл – Sputnik. Дар шаш моҳи аввали соли равон Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон байни ҳайвонот 4563 ҳодисаи  бемории ангалӣ (паразитӣ) муайян кард, хабар додааст раиси кумита Муҳаммадсаид Файзуллозода.

Боздошти се соҳибкор дар Душанбе барои фурӯши 60 тонна гӯшти пастсифат ва бӯйзада - видео

Дар ин робита истеъмоли узвҳои дохилии онҳо манъ карда шуда, нобуд карда шудааст.

"Дар мамлакат дар нимсолаи аввали соли равон  4563 ҳодисаи  бемории ангалӣ (паразитӣ) муайян карда шуда, истеъмоли 18 149 кг узвҳои дохилии ҳайвонот, аз қабили дил, гурда, шуш, ҷигар  манъ гардида, онҳо нобуд  карда шуданд", - таъкид кардааст вай.

Дар умум аз аввали сол  аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳҳои Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 33865, 8 кг маҳсулоти гӯштӣ, 5731,6 литр маҳсулоти ширӣ, 11 310 дона тухми ғизоӣ, 53083,8 кг меваю сабзавот, 434, 2 кг моҳӣ, 2753 кг маҳсулоти намакин, 656 литр равғани растанӣ, 6059,8 кг маҳсулоти полезӣ ва 346 кг асал ҳамчун маҳсулоти пастсифати барои саломатӣ хавфнок муайян ва аз фӯруш боздошт гардида,  нобуд карда шуданд.