ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи кишвар масъулони тими “Саройкамар” дар рақобат бо “Панҷшер” ба ҷойи се бозигар чор нафарро иваз кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, ин дар ҳолест ки дар ҳар бозӣ барои ивази се бозигар танҳо иҷозат дода шудааст.
Бозии мазкур 7 июл доир гашта бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи “Саройкамар” хотима ёфта буд.
Тибқи қарори ниҳоии Кумитаи одоби ФФТ тими “Саройкамар” ба таври техникӣ маълуб ҳисобида шуда, натиҷаи бозӣ бо ҳисоби 0:3 ба фоидаи “Панҷшер” ҳал шуд.
Илова бар ин, Кумитаи интизомии ФФТ аз шӯъбаи доварони Федератсия дархост кард, ки нисбати намояндагони расмии бозӣ - дастаи ҳакамон ва нозирони ин вохӯрӣ барои хунукназарӣ нисбат ба кор ҷазои сахтро татбиқ кунанд.