Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Туркманистон: коронавирус нест, аммо мардумро ба пӯшидани ниқоб муваззаф мекунанд

Кормандони пулис дар кӯчаву хиёбонҳои Туркманистон тариқи баландгӯяк мардумро ба пӯшидани ниқоб ҳангоми сайру гашт дар берун даъват мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik. Туркманистон, ки то ҳол аз орияти худ аз маризии сироятии коронавирус пофишорӣ мекунад, акнун сокинонро маҷбур мекунад,ки дар берун танҳо бо ниқоби тиббӣ сайру гашт кунанд.

Президент дастур дод: доруи зидди вируси коронаро аз Русия харед

Дар мавриди ҷорӣ шудани режими ниқоб дар ин кишвар хабаргузории Turkmen.news хабар медиҳад.

Манбаъ меафзояд дар Ашқобод ҳоло бузургтарин Маркази тиҷоратӣ - фароғатӣ "Берқарар" ва бозори "Талкучка" барои қаратин баста шудаанд.

Зимнан, дар роҳи кӯчаву хиёбонҳо кормандони пулис тариқи баландгӯяк мардумро ба пӯшидани ниқоби тиббӣ муваззаф мекунанд.

Ҳамчунин дар сарҳад, аснои ворид шудани ба қаламрави Туркманистон кормандони пулис ниқоби тиббӣ ва маводҳои безараргардониро ба таври ройгон тақсим мекунанд.

Ёдовар мешавем, ҳайати Созмони ҷаҳонии беҳдошт оид ба масоили коронавирус рӯзи 6 - уми июл вориди Туркманистон гардиданд.

Аз СУТ наметарсем: Туркманистон боз гуфт, ки дар кишвар коронавирус нест

Интизор меравад, намояндагони СҶБ тули 10 рӯз дар ин кишвар хоҳанд монд ва бо мутахассисони соҳаи тандурустӣ мулоқот намуда, кори муштаракро оид ба арзёбии хатар ва таҳияи механизмҳои вокуниш ба COVID-19 баррасӣ мекунанд.

Ташрифи ҳайати СҶБ ба Туркманистон, кишваре, ки худро озод аз COVID-19 медонад

Ҳамчунин, ҳайати коршиносон аз муассисаҳои тиббӣ, марказҳои саломатии давлатӣ, озмоишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятиву шаҳрӣ ва нуқтаҳои даромадгоҳӣ дидан хоҳанд кард.

Қаблан вазири умури хориҷаи Туркманистон Рашид Мередов дар рафти нишасти матбуотӣ изҳор дошта буд, ки ҷумҳурӣ омода аст ҳайати СҶБ-ро аввалҳои моҳи июл пешвоз гирад.

Мередов дар ҳамин нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки то ҳол Туркманистон ба кишварҳое шомил мешавад, ки бо коронавирус рӯ ба рӯ нашудааст.

Ӯ далоили набудани коронаро на саривақт бастани марз, балки ба рушди низоми тандурустӣ рабт дода буд.