Нархи газ бояд 3,2 сомонӣ бошад: шарҳи Муминзод дар бораи монополия, нарх ва санҷиш

Абдулмаҷид Муминзод, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон, вуҷуди монополияро дар бозори гази моеъ рад карда, иттилоъ дод, ки барои санҷиши болоравии нархи газ дар кишвар гуруҳи корӣ аллакай сафарбар шудааст
Sputnik

ДУШАНЕБ, 15 июл – Sputnik. Муминзод зимни нишасти матбуотӣ  тавзеҳ дод, ки хароҷоти дохилию андозбандӣ, нархи роҳ ва ғайраро ҳисоб кардаанд, ки тибқи он нархи яклухти гази моеъ набояд зиёда аз 3,2 сомониро ташкил диҳад.

Ҷарима ва ихроҷи шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия барои ташкили намоз дар хобгоҳ

Дар ҳоле, ки феълан нархи гази моеъ дар Тоҷикистон ҳудуди 4,5 сомонӣ мебошад, сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфт, гуруҳи корӣ барои санҷиши асоснокии он ташкил карда шудааст.  Ӯ афзуд, чун гази моеъ шомили молҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ мебошад, дар сурати аз 20 дарсад дар як моҳ беасос боло рафтани нархи он, Хадамоти зидди инҳисорӣ санҷиш мегузаронад.

Дар Ванҷ ду ноболиғи 12 - соларо аз об берун оварданд: яке фавтиду дуюмӣ дар бемористон

Муминзод илова намуд, ки аллакай дар 10 ширкат санҷишҳо оғоз гардиданд ва тайи 20-30 рӯзи оянда натиҷаи санҷиш маълум мешавад.

То дусад донаӣ парасетамол хариданд: сардори Хадамоти зиддинҳисорӣ дар бораи нархи дору

Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ таъкид кард, ки агар нархҳо беасос боло бурда шудаанд, маблағи он ҳамчун даромади беасос ҳисоб гардида, ба буҷаи давлат баргардонда мешавад.

Ӯ ҷой доштани мавқеи инҳисории ширкатҳои алоҳидаро дар бозори газ рад карда, тавзеҳ дод, ки ширкати доминанти бозор тибқи қонунгузории Тоҷикистон онеро мегӯянд, ки 35 дарсади бозорро дар ихтиёр доранд.  Ӯ афзуд, дар миёни 15 ширкати воридкунандаи газ ба Тоҷикистон, пешсаф ҶДММ “Аллат” мебошад, ки саҳмаш дар бозор 17,2 дарсадро ташкил медиҳад.  Сипас “Темур Ойл”, “Ғайрат 82”, “Октан сервис” ва панҷум “Газпром нефт” ҷой гирифтааст, ки ба гуфтаи сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳиссаи Газпром дар бозори газ ҳамагӣ 8,4 фоизро ташкил медиҳад.