ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳайати гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Раҳмонзода қарор доранд, ки аз ҷараёни омодагии вилоят ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дидан мекунанд.
Бар хабари котиботи раиси шаҳри Хоруғ, ҳайати корӣ нахуст аз фурудгоҳи ҳавоии маркази вилоят дидан намуданд ва Раҳмонзода дастур дод, то фурудгоҳ ба таъмир фаро гирифта шавад.
Гуфта мешавад, дар асоси супориши ёрдамчии Президент, қисматҳои харобгаштаи фурудгоҳ асфалтпӯш мешаванд ва инчунин аломату панҷараҳо низ аз нав рангубор мешаванд.
Қобили зикр аст, ки авохири моҳи гузашта нахустин парвози ҳавопаймо пас аз таваққуфи тӯлонӣ ба ВМКБ сурат гирифта буд.
Нахустин парвози ҳавопаймо ба Бадахшон пас аз таваққуфи 1 сола: 16 сарнишинро бурд
Тайёраи Ан-28 мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" бо 16 сарнишин аз шаҳри Душанбе дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ нишаст.
Ин нахустин парвоз мебошад, ки бо гузашти як солу чор моҳ анҷом шуда буд.
Аммо гарони нархи чипта ба эҳтимоли зиёд теъдоди парвозҳо ба ин вилоятро афзун намекунад.
Зеро нархи чиптаи парвоз аз Душанбе ба ВМКБ 900 сомониро ташкил медиҳад. Ин нарх дар ҳолест, ки давомёбии парвоз на беш аз 1 соату 30 дақиқа тӯл мекашад.
Сокинони ин вилоят пайваста аз гаронии нархи мошину ҳавопаймо изҳори нигаронӣ мекунанд. Зеро масрафи сафар ба Бадахшон ҳам тариқи роҳи заминӣ ва ҳам ҳавоӣ ба фарқ аз вилояти Суғд ниҳоят гарон аст.