Ҳукми 7 нафар: Зоирзода дар бораи парвандаи пурсарусадои ҳамлаи "Ишқобод"

Ҳафт ҳамлагар ба гузаргоҳи "Ишқобод" бо ҳукми Додгоҳи Олии Тоҷикистон аз 2 то 27 сол аз озодӣ маҳрум шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон нисбати 7 иштирокдори ҳамлаи террористӣ ба гузаргоҳи марзии "Ишқобод" ҳукми зиндон таъйид гардидааст. Дар ин бора прокурори ҳарбии Тоҷикистон Икром Зоирзода иттилоъ додааст.

Ҳамин тавр, ҳафт нафаре ки ба гузаргоҳи марзӣ ҳамла оварданд, аз 2 то 27 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд.

Ба иттилои манбаъ, парвандаи 7 иштирокдори ҳамлаи террористӣ барои баррасӣ  ба додгоҳ равона шуда буд.

"Ҳамаи маҳкумшудагони парванда оид ба ҳамла ба гузаргоҳи "Ишқобод" шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд", - афзудааст вай.
Ҳамлаи Ишқобод: парванда ниҳоӣ, ҳукмҳо содир шудаанд – бидуни тафсилот

Ёдрас мешавем, 3 феврали соли равон Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди олии Тоҷикистон зимни  нишасти солонаи хабарии ин ниҳод гуфт, ки санҷишу тафтиши парвандаро Прокуратураи генералӣ ба анҷом расонда, дар ихтиёри Суди олӣ қарор додааст ва парванда 9 муттаҳамро дарбар мегирад.

Тибқи иттилои расмӣ, ки дар рӯзи ҳодиса расонаӣ шуд, шаби 6 ноябри соли гузашта як гурӯҳи ниқобпӯши 20 - нафара ба дидбонгоҳи "Ишқобод", мустақар дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамла карда, бо нерӯҳои марзбонии тоҷик даргир шуданд.

8 зану 4 ноболиғ кушта: суҳбати ошкорои Раҳмон аз ҳамлаи "Ишқобод"

Он замон расман эълон шуд, ки дар ин даргирӣ ду тан аз нерӯҳои марзбонӣ ва 15 муҳоҷим кушта шудаанд. Манобеъи ғайрирасмӣ шумораи талафоти нерӯҳои ҳукуматиро 6 нафар ҳисоб карданд. Баъдтар мақомот аз боздошти 5 муҳоҷим хабар доданд, ки мустақим дар ҳамлаи террористӣ ширкат доштанд.

Охирин тафсилоти расмии ин ҳамларо Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси миллии кишвар ба миён гузошт. 29 март нашрияи расмии “Садои мардум” гузориши Прокурори генералии Тоҷикистонро ба нашр расонд, ки бино ба он, дар ҳамлаи мусаллаҳона ба дидбонгоҳи сарҳадии рақами 4 – и “Ишқобод” 26 нафар кушта ва 22 нафар ҳам бо иттиҳоми даст доштан дар он ҳабс шудаанд.