Сохтмони бинои 9 ошёна барои муҳоҷирони экологӣ дар шаҳри Хуҷанд бо суръат идома дорад

Мақомоти шаҳри Хуҷанд эълон намудааст, ки бинои истиқоматиии 9 ошёна барои муҳоҷирони экологӣ дар шаҳр бомаром идома дошта ва аллакай 7 ошёнаи он ба анҷом расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Бино бар иттилоли дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, ахиран раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз раванди бунёди хонаи баландошёна, ки барои муҳоҷирони экологӣ пешбинӣ шудааст, боздид намуданд.

Хонаи осебдидагон дар Хуросон бомпӯш шуд-акс

Манбаъ таъкид доштааст, ки дар маҳалаи 18-уми шаҳри Хуҷанд сохтмони бинои истиқоматиии 9 ошёна барои муҳоҷирони экологӣ бомаром идома дошта, аллакай 7 ошёнаи он ба итмом расидааст.

Гуфта шудааст, ки бинои мазкур бо маблағгузории мақомоти шаҳри Хуҷанд бунёд гардида, аз 9 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

“Дар умум 72 манзили истиқоматӣ иборат аз 1,2,3 хуҷрагӣ бунёд мегардад. Ҳуҷраҳои бинои сохташаванда барҳаво буда, масоҳати якхонагии он 56 метри кв, духонагии он 93 метри кв ва сехонагии он 125 метри кв-ро ташкил медиҳад”, - таъкид доштааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол манбаъ қайд кардааст, ки қисмати асосии бино бунёд шудааст.

“Интизор меравад, ки бинои мазкур то охири соли ҷорӣ мавриди истифода қарор гирифта, муҳоҷирони экологӣ соҳиби манзили истиқоматӣ хоҳанд шуд”, - зикр кардааст манбаъ.

Ҳамзамон дар ҳудуди бинои мазкур ҷойҳои фароғатӣ, аз ҷумла майдончаи варзишӣ барои бачагон пешбинӣ шудааст.

Дар навбати худ, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини дахлдор супориш дод, ки сохтмони бинои мазкур босифат анҷом дода шавад.