ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Дар Ҷумҳурии Қазоқистон имрӯз барои поси хотири қурбониёни маризии ҳамагири коронавирус мотами миллӣ эълон гардидааст.
Дар ин робита, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои худ Қосим - Жомарт Тоқаев барқияи тасаллият равон кард.
Шумораи шаҳрвандони дар марзи Қазоқистон дармондаи Тоҷикистон бештар мешаванд - акс
Бар хабари котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи худ изҳор доштааст, ки "дар иртибот ба эълон кардани рӯзи миллии ёдбуди қурбониёни пандемияи "Ковид-19" дар Қазоқистон бо таманниёти шифои ҳарчи зудтари комил ба ҳамаи гирифторони ин беморӣ ҳамдардии амиқи моро ба мардуми бародари Қазоқистон иброз медорам".
Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намудааст, ки тадбирҳои ҷиддии ҳукумати ин кишвар ҷиҳати пешгирӣ аз хатари сирояти вирус натиҷаҳои матлуб ба бор хоҳанд овард.
"Тоҷикистон вазъияти вобаста ба сирояти коронавирусро, ки дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамоно хеле ҳам муташанниҷ боқӣ мемонад, бо нигаронии амиқ пайгирӣ менамояд", - таъкид мешавад дар хабар.
Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Тоҷикистон омодааст ба Ҷумҳурии Қазоқистон кӯмак расонад.
Бино бар пояи омори ахир, дар пайи гирифторӣ ба коронавирус дар Қазоқистон 280 нафар шаҳрвандон ҳалок шуданд.